Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ МУНОҚИШАИ ГЕОПОЛИТИКИИ ҚИРҒИЗИСТОН АЛАЙҲИ ТОҶИКИСТОН

МУНОҚИШАИ ГЕОПОЛИТИКИИ ҚИРҒИЗИСТОН АЛАЙҲИ ТОҶИКИСТОН

by admin
217 views
Сиёсати байналхалқи ин раванди бархурдҳо, муборизаҳо музокирот ва созишҳои гуногуни давлатҳо ба хотири ба даст овардани афзалият, таҳлили ирода ба дигарон аст.
Дар замони муосир омили чунин бархӯрди манфиатҳо идомаи аз нав тақсимкунии бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад, ки боиси муссалаҳшавӣ ва сиёсати ташкилу иттиҳоду эътирофҳои ҳарбӣ сиёсӣ мегардад. Маҳз дар чунин шароити феъли манфиатҳои ҳаётан муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистонро манофеи бақадории мамлакат аз ҷумла ҳимои истиқлолияти давлатӣ , тамомияти арзии кишвар, якпорчагию ваҳдати миллӣ , ташаккули ҳиссӣ ватанхоҳиву ватандӯстӣ , рушди устувор ва ҳимояи кишвар аз таҳдиду хатарҳои ҳарбӣ ташкил медиҳад.
Воқеаҳои мудҳиши 14-18 уми сентябри соли ҷорӣ амалҳои ноҷавонмардона ва аҳдшиканонаи сарҳадбонони Қирғизистон, ки бо истифода аз силоҳҳои вазнин ба дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷум намуда, ба ягон конвенсия ва эъломияи ҳуқуқи башар дуруст намеояд. Чунин кирдору рафтори ҷиноятие, ки аз ҷониби Қирғ изистон алаҳи Тоҷикистон ба амал омад тамоми мардуми ҷаҳонро ба ҳайрат гузошта дар натиҷа ба мардуми осоиштаи мо талафоти ҷонию ҷисмонӣ ва зарарҳои калони иқтисодӣ расониданд, ки ин кирдори номардонаи онҳо ҷинояти хунини ҳарби ба шумор меравад. Дар мавриди оғ ози моҷаро бошад даҳо факту далелҳо мавҷуданд, ки марзбонони қирғ из аҳдшиканона беягон асос аввалан ба хоки Тоҷикистон ҳуҷум намуда, мардуми осоиштаро мавриди тирборон қарор доданд. Яке аз амалҳои ваҳшиёнае, ки аз тарафи Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғ изистон содир карда шудааст, ҳамлаи мусаллаҳи онҳо ба мошини ёрии таъҷилӣ дар деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати деҳоти Зумради шаҳри Исфара.мебошад, ки дар натиҷа кудакони хурдсол ва кормандони тиббии ёрии таъҷилӣ ба ҳалокат расиданд.
Дар натиҷаи ҳамлаи аҳдшиканона ва хоинонаи аз ҷониби Қирғ изистон рӯидода нисбати аҳолии осоиштаи Тоҷикистон чандин хонаю мактаб вайрон гардида боиси талафоти ҷонию моли гардид. Вале новобаста аз ин мардуми тоҷик тавонист дар баробари душман (на ҳама шаҳрвандони Қирғ изистон фақат онҳое, ки ҳуҷум карданд) истодагари намуда, сарзамини худро ҳифз кунанд.
Таърихи инсоният шоҳид аст, ки кули ҷангҳо ва муноқишаҳо ба сулҳ анҷом пазируфтааст. Дар асри ХХI асри рушди техникаву технология роҳи ҳалли масъала на тариқи ҷанг, балки бо роҳи дипломатӣ бояд бошад. Зеро дар шароити густариши яроқҳои наву муосир аз ҷониби кишварҳои абарқудрат боис ба он мешавад, ки кишвар ё минтақае бо сабаби нофаҳмиҳо ба асри санг бар гардад. Аз ин рӯ ақли солим бояд ғ олиб ояд ва ҳалли дилхоҳ муноқиша аз дипломатия ва гуфтушунид кор гирифта шавад. Омили асосии бо роҳи дипломатия ҳал намудани ин моҷаро пеш аз ҳама ин зарар нарасонидан ба мардуми осоишта аст, вале ин роҳбарони ҷоҳили қирғ из сари роҳи ҳаллӣ ин мушкилот мегарданд, ин мавҷудияти як навъ низоми дуҳокимиятӣ дар Қирғ изистон мебошад, ки онро Президенти ин кишвар Ҷапаров С. ва раиси КДАМ Қамчибек Ташиев роҳбари намуда, фикри мардуми осоиштаро накарда даҳо маротиба сари мизи гутушунид нишаста ба шартномаҳо имзо мегузоранду бозҳам амали нопоки худро амали менамоянд. Дар баробари ин ҷониби Қирғ изистон хусусиятҳои иғ воангезиро нисбати аҳолии осоиштаи Тоҷикистон ба роҳ монда, ваъдахилофию аҳдшиканиро пешаи кори худ карда, дар ҳаллӣ мушкилоти сарҳади давлатӣ аз роҳи муколамаи сиёсию дипломатӣ канораҷуи менамояд.
Дар бархӯрди муноқишаиҳои геополитикӣ дар марз ба миён омада Ҷумҳурии Қирғ изистон моил ба ҳаллӣ низоъҳои марзӣ на бо роҳи созиш ва муносибатҳои дипломатӣ балкӣ бо роҳи зӯрӣ мебошад, ки онро сокинони маҳалии Қирғ изистон ва инчунин марзбонони қирғ низ борҳо амалӣ кардаанд, чун имрӯз, ки борҳо дар даргириҳои мусаллаҳона аз ҷониби марзбонони қирғ изҳо мушоҳида мешавад.
Масоили баҳсҳои иттилоотие, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ байни сокинони ду кишвар рӯй дода истодаанд, шаҳрвандони ду кишварро бетараф намегузорад, ки ин боиси нигаронӣ аст, зеро ин бархӯрди сарҳадии рӯхдода ба андешаи мо ба мӯҳоҷирони меҳнати низ таъсир мерасонад. Чунки дар аксар маврид халқҳои тоҷику қирғ из дар як коргоҳ боҳам кору фаъолият мекунанд, ки ин метавонад боиси хушунату бадбинии онҳо гардад. Гузашта аз ин моҷарои сиёсии баамал омада агар идома меёфт, боиси талафот ва хисороти зиёди моливу ҷонӣ мешуд, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бетаъсир намемонд. Ба сиёсат, иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг, равобит ва дигар омилҳои инсонӣ таъсири манфӣ мерасонад. Чи тавре айён аст, ки ҷанг ҳеҷгоҳ бе хисорот намешавад ва ин албатта натанҳо ба тарафҳои даргир, балки ба дигар ҳамсояҳо низ таъсир мерасонад.
Табиист, ки вақте хабарҳои нохуш ва аҳдшиканонаи қирғ изҳо аз марз расонаӣ шуд аз аввалин нафароне, ки хостан ба ҳимояи Ватан сафарбар гарданд ин ҷавонмардони баору номуси Кӯлобшаҳрӣ бостонӣ буданд. Ва минбаъд дигар сокинони гушаву канори ҷумҳурӣ барои дифои марзу буми сарзамин садо баланд кардан ва омодагии худро иброз доштанд. Ҳамчунин родмардони ҷасури мо барои ҳимояи марзу буми Ватан ҷони худро қурбон месозанду бо хоинони қирғ изи аҳдшикан дар набард далерию шуҷоат ва садоқатмандии миллати тоҷикро нишон медиҳанд ва намегузоранд, ки ҳар нохалафе ба мисли қирғиз сулҳу суббот ва оромии кишварро халадор созад:
Дар рӯйи ҷаҳон ту аз азал дарбадарӣ ,
Хатте, ки кашидаам, аз он мегузарӣ .
Аҳде, ки бибастем, ноҳақ шиканӣ ,
Номард, ба шери тоҷикӣ сарбасарӣ .
Таърих баёнгари он аст, ки миллати тоҷик дар ягон вақт ба сари дигар миллат теғ набардоштааст. Танҳо ва танҳо аз Ватану меҳани худ дифоъ кардааст. Аз оне, ки имрӯзҳо ҳамсояи мо қирғ изҳо борҳо хост бар сари ҳамсояи худ теғ мекашанд ва аҳолии осоиштаро тавассути яроқҳои вазнину сангин мавриди ҳадаф қарор медиҳанд.
Мо шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол новобаста аз қавму миллат, касбу кор аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибони намуда, баҳри сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем. Намегузорем ин фазои софу беолоиши Ватани азизамон Тоҷикистонро нохалафе олудаи ғуборе гардонад.
Рамазон ФАЙЗОВ, сааромӯзгори кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment