Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТЕРРОРИЗМ -ЭКСТРЕМИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

ТЕРРОРИЗМ -ЭКСТРЕМИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

by admin
1001 views
Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳимму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.
Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили чунин падидаҳои ифротӣ ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст.
Терроризм чун вабои асри XXI имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Мақсади ташкили нооромиҳо ин иваз кардани сарвари давлат ва ё дигар кардани сохти конститутсионии кишвар, истифодаи сарватҳои табиӣ ва зеризаминӣ ба фоидаи хеш мебошад. Ин аст, ки дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Мафҳуми терроризм калимаи лотинӣ буда, «тарс», «таҳлука», «воҳима»-ро ифода мекунад, ташкилот, гурӯҳҳо ва ё шахсони алоҳида онро барои амалӣ кардани ҳадафҳояшон ба кор мебаранд.
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки нишонаҳо ва решаҳои шаклҳои гуногуни экстремизм, аз ҷумла экстремизми сиёсӣ-диниро дар тамоми динҳо пайдо намудан мумкин аст. Яъне то андозае гуфтан мумкин аст, ки эътиқоди динӣ метавонад ба ҳайси асоси фалсафию идеологии экстремизми сиёсӣ-динӣ баромад кунад. Аммо на ҳама навъи эътиқод, балки эътиқоди кӯр-кӯрона, аниқтараш фанатизми динӣ асоси фалсафию идеологии экстремизми сиёсӣ-динӣ аст. Зарур аст, ки барои муборизаи самаранок бо ин навъи экстремизми баррасишаванда вобаста ба фанатизми динӣ ҳамчун асоси он маълумоти муфассал дошта бошем, то ба саволи «Барои чӣ эътиқоди кӯр-кӯрона ва бечунучаро ба дин асоси экстремизм ва терроризм аст?» ҷавоб диҳем.
Наметавон ҳеҷ таърифе аз терроризму экстремизм намуд, ки ҳама анвои гуногун ин падидаро дар тӯли таърих вуҷуд дошт, дар бар мегирад. Терроризм ва экстремизм амалҳои хушунатомез ва ваҳшатофарин мебошанд ва хостори ин ҳастанд, ки афкори хориҷиро дар ҷомеаи мавриди назар тағйир диҳанд. Террористҳоро умуман ба ду гурӯҳ тақсим намуданд: Террористони муътақид ва дуюм терористони муздур ё худфурухта.
Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, афзудан ва густариши экстремизм ва терроризм, инчунин, дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо дар сатҳи ниҳоят ҷиддӣ ҷой дорад.
Дар давраи ҳозира, мутаассифона, дар арсаи байналхалқӣ фаъолияти ифротгароёнаи террористӣ ва экстремистӣ аз тарафи қувваҳои гуногун хеле фаъол гардидааст. Дар айни замон терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Мусаллам аст, ки дар замони муосир мубориза бар зидди ин гуна қувваҳои ифротӣ ба мадди аввал мебарояд. Дар мубориза ба муқобили ин гурӯҳи ифротӣ, экстремистӣ ва террористӣ зарур аст, ки тамоми ҷомеа дастҷамъ бошад.
Дар ҷомеаи кунуни бархе аз ҷавонону наврасон бинобар надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд. Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.
Созмону гурӯҳҳои тафриқаангез низ бештар бо истифода аз ин омил байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣ ва саркардаҳои гуруӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд.
Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.
Воқеан таъсир ва ташаккули равия террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.
Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.
Бо дарназардошти онки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ин бошад ба ҷомеаи мо, бахусус давлатдории миллии мо хатари ҷиддӣ дорад. Вазъи имрӯза зарурати муборизаи ҷиддиро ба муқобили ин қувваҳои ифротӣ ба миён меорад. Террорист ва ифротгаро миллат ва давлат надорад. Моҳиятан чунин гурӯҳҳо ва амалҳои террористию ифротгаронаи онҳо хусусияти байналхалқӣ доранд. Ва мусаллам аст, ки амалҳои ин қувваҳо барои ҳаёти осоиштаи тамоми давлатҳои минтақа, аз он ҷумла Тоҷикистон наметавонанд бехавф бошанд. Зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошанд.
Қурбонзода Рӯдоба, докторанти PhD-и кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment