Ду сол пеш дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ китобхонае бо номи забоншинос Рустамов Қодир таъсис ёфта буд. Имрӯз аз ҷониби Тоҳир Рустамов фарзанди шодравон Қодир Рустамов ба китобхона 150 адад номгӯи китобҳои гуногуни соҳавӣ тақдим гардид.
Бояд қайд кунем, ки китобхона аъзоёни зиёд дошта, донишҷӯён пайваста аз он истифода мебаранд. Дар китобхона адабиёти соҳаи илмҳои филологӣ мавҷуд аст.