Home ХАБАР ИШТИРОКИ МАҶОЗИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ДАР МИЗИ МУДАВВАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ИШТИРОКИ МАҶОЗИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ДАР МИЗИ МУДАВВАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

by admin
144 views
Имрӯз Ректори Донишоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ, дар кори мизи мудаввар, ки аз ҷониби Институти байналмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Донишгоҳи давлатии педагогии ба номи А.И. Гертсени Федератсияи Россия таҳти унвони «Иштирок дар интихобот ҳамчун омили тарбия ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон» («Участие в выборах как фактор правового просвещения и воспитания молодёжи») баргузор гардид, ба таври маҷозӣ иштирок ва дар мавзуи «Анъанаи иштирок дар интихобот ҳамчун омили тарбияи ҳуқуқии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» («Традиция участия в выборах как фактор правового воспитания молодёжи в Республике Таджикистан») маърӯза ироа намуданд.
Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи лоиҳаҳои байналмилалӣ ва Созишномаҳои тарафайн ҳамкории густурдаро бо беш аз 85 муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёна хориҷи кишвар роҳандозӣ намуда, баргузории ҳамоишҳои муштараки илмӣ, табодули академии омӯзгорону донишҷӯён дар самти воридшавӣ ба фазои байналмилалии таҳсилоти олӣ, тақвияти иқтидори кадрӣ ва техникиии донишгоҳ муҳтавои асосии ин ҳамкориҳоро ташкил медиҳад.

Related Articles

Leave a Comment