Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ РИЁЗИДОН БОЯД ҲАМАДОН БОШАД!

РИЁЗИДОН БОЯД ҲАМАДОН БОШАД!

by admin
163 views
Тайёр кардани омӯзгор нисбат ба омода намудани муҳандис, иқтисодчӣ, агроном ҷараёни басо мураккаб аст. Ин ҳолатро то ҳанӯз на ҳама дуруст дарк кардаанд. Тайёрии хуби донишҷӯён-муаллимони риёзии оянда дар мактабҳои олии омӯзгорӣ аз ҳалии бисёр мушкилот вобастагӣ дорад. Яке аз ин гуна мушкилӣ масоили мутассил такмил додани нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ аз рӯи тахассуси донишҷӯ ҳисоб меёбад.
Ба андешаи мо норасогии асосиро дар тайёрии муаллимони оянда, қабл аз ҳама, дар мавҷуд набудани нақшаҳо ва барномаҳои таълимии бардавом дидан лозим аст. Нақшаҳои таълимӣ зуд-зуд тағйир меёбанд. Дар асоси тартибдиҳии онҳо принсипи бардавомӣ ба назар гирифта намешавад.
Ин ҳолат дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш 17-уми августи соли 2020 бо қатъият баён ёфтааст: «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимии фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба таҷдиди назари ҷиддӣ ниёз дорандф.» (Илм сарват ва сулҳ неъмати бебаҳост. «Омӯзгор», 20.08.2020).
Дар давоми беш аз 20 соли охир нақшаҳои таълимӣ чандин бор иваз шуданд. Солҳои пешин ягон хатмкунандае набуд, ки аз дохилшавӣ то тамомкунӣ бо як нақша мактаби олиро ба анҷом расонида бошад.
Муқоисаи нимасраи нақшаҳои таълимӣ аз математика барои касби омӯзгорӣ аз рӯи маълумоти сардори мактабҳои олии ВМ собиқ ИҶШС В.К.Розов (Пути совершенствования подготовки учителей мтематики в педагогических институтах. Ж-.л. «Математика в школе», №5,1970) ва соли 2018-и Вазорати маориф ва илми ҶТ нишон медиҳанд, ки миқдори фанҳои тахассусӣ рӯ ба камшавӣ ниҳодааст:
Тафовути соатҳо бе шарҳи муфассал аён аст. Камбудии дигари нақшаи таълимӣ аз бисёрфаннии он дар бахши I-фанҳои гуманитарӣ ва бахши II-фанҳои табиӣ-риёзӣ ва иқтисодӣ иборат мебошад. Болои ин масоил фикру андеша бояд кард!
Пас аз панҷ сол (17.09.1975) нақша ва барномаҳои таълимии ихтисоси математика аз рӯи маърӯзаи методисти идораи муассисаҳои таълимии ВМ собиқ ИҶШС дотсент В.А.Гусев дар конференсияи умумииттифоқӣ-«Проблемаҳои такмилдиҳии тайёрии муаллими математикаи мактаби олии омӯзгорӣ» боз мавриди муҳокима гардид. Соли 1980 нақшаҳо ва барномаҳои таълимии нав ба вуҷуд омадаанд ва ғайра. Аз таҷриба ва амали гузашта сабақ гирифтан боиси пешравии ин раванд хоҳад шуд.
Хуллас, дар аҳди Шуравӣ ҳар сари чанд вақт оид ба масъалаҳои модел (аз фр. Modele-намуна, хел)-и мутахассис, принсипҳои методологӣ, методикаи мушаххаси муайян кардани мазмун ва беҳтар намудани нақшаҳои таълимӣ мунозираҳо барпо мегардид.
Аммо, бояд қайд кард, ки ҳар чӣ қадар нақшаҳо ва барномаҳои таълимии мукаммал тартиб дода нашавад, сифати тайёрии муаллимони оянда дар охири охирон аз омодагии касбии онҳо вобастагӣ дорад. Мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки қисми зиёди хатмкунандагон дар ҷараёни таълим тайёрии илмӣ-назариявии амиқ намегиранд, аз рӯи соҳаи муҳимми ихтисос-математикаи мактабӣ тайёрии суст доранд, китобҳои дарсиро бад медонанд, аз барномаҳои таълимӣ воқиф нестанд. Гузориши машғулиятҳои фанҳои тахассусӣ (бахши IV нақшаи таълимӣ) асосан ба тайёрии умумии донишҷӯ, бе назардошти ихтисоси омӯзгории ояндаи ӯ нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, нақшаҳои таълимии солҳои охир аз рӯи ихтисоси «Математика», «Математика ва физика» тайёрии кифояи ихтисоси муаллимони мактабро таъмин карда наметавонад.
Дар фалсафа ақидаест, ки замона мутахассисро ба вуҷуд меорад, замона шахсияти ӯро ташаккул медиҳад, вале дар айни ҳол ӯ бо ақл ва фаъолияти худ симои ояндаро муайян мекунад.
Пас, омӯзгори баландихтисос ва фаъоли замонро чӣ тавр тарбия ва тайёр намуд? Ба андешаи мо таълими фанҳои математикӣ бояд ба ихтисоси ояндаи омӯзгор рӯ оварад, ба курси математикаи мактабӣ (КММ) ҳар чӣ қадар алоқаи зич дошта бошад. Ин алоқамандиро бо самтҳои мухталиф ба амал овардан мумкин аст. Онҳоро баён мекунем.
1. Дар нақшаҳои таълимии донишкадахои омӯзгорӣ солҳои гуногун мақсад ва вазифаҳои КММ (бо унвони математикаи элементарӣ: алгебраи элементарӣ ва геометрияи элементарӣ) бо тарзҳои мухталиф муайян гардида буд. Аммо ҳамаи онҳо як мақсад доштанд: курс вазифадор буд, ки донишҷӯро бевосита ба таълими математикаи мактабӣ тайёр намояд ва аз тарафи дигар ба фанҳои математикӣ хизмати бебаҳо кунад. Масалан, дар нақшаи таълимии солҳои 60-уми асри ХХ барои донишҷӯёни курси I шӯъбаи физикаю математика ба мақсади омӯхтани алгебраи элементарӣ 30 соат лексия ва 90 соат амалӣ ҷудо гардида буд. Дар ҷараёни таълим донишҷӯён китобҳои дарсии онвақта- Барсуков А. Алгебра. Барои синфҳои 6-8. Сталинобод-1961. Ларичев Л.А. Маҷмӯаи масъалаҳо аз алгебра. Қисми I ва II. Сталинобод-1961; Рибкин Н. Маҷмӯаи масъалаҳо аз геометрия Қ.II. Барои синфҳои 9-10. Сталинобод-1961 ва др.ро комилан омӯхта масъалаҳои онҳоро пурра ҳал мекарданд. Аз дастурҳои таълимии муаллифон В.И.Аргунов ва М.Б. Балк, Д.И. Перепёлкин, Ж. Адамар, П.С. Новосёлов ва дигарон геометрия ва алгебраи элементариро меомӯхтанд.
Муносибати ба мақсад мувофиқи устодон дар ин роҳ муаллимони ояндаро на танҳо ба малака ва маҳоратҳои соҳаҳои муайяни дониш таъмин мекарданд, инчунин имконият медоданд, ки дар давоми таҳсил онҳо доир ба соҳаи фаъолияти амалии ояндаи хеш кифоя хабардор шаванд.
Бинобар ин, яке аз сабабҳои муҳимми тайёрии нокифояи касбии муаллимони математика-ин ҷой доштани норасогиҳо дар мазмуни маълумоти математикии мактаби олии омӯзгорӣ мебошад.
Ин камбудӣ то ҳанӯз бартараф нагардидааст. Маълум аст, ки асоси илмии курси мактаби (аз синфи 1 то 11)-ро мафҳуми адад ва намудҳои он ташкил медиҳад. Адад мӯъҷизаи математика аст. Ҳамаи назарияҳо, мафҳумҳо, таърифҳо, тасдиқҳо ба адад асос меёбанд, аз он ба амал меоянд. Аммо курсе, ки асоси илмии назарияи ададҳоро ба муаллими оянда меомӯзонад-«Системаҳои ададӣ» аз нақшаи таълимии соли 2018 берун мондааст (ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ) ва ё ҳамчун фанни интихобӣ дар ҳаҷми чор кредит (ДДОТ ба номи С.Айнӣ) омӯхтани он дар назар дошта шудааст. Чаро ҳатмӣ нею интихобӣ?! Оё бе таҳкурсӣ биноро сохтан мумкин аст? Ё магар «Асосҳои математикаи мактабӣ» (ба ҷойи «Асосҳои илмии курси математикаи мактабӣ» ивази ном шудааст)-ро бо 3 кредит комилан таълим додан имкон дорад?
2. Ба устодони мактабҳои олии омӯзгорӣ маълум аст, ки дар ҳамаи фанҳои тахассусӣ қисмҳое ҳастанд, ки бевосита ба КММ алоқаманданд. Масалан, ҳангоми таълими «Алгебра ва назарияи ададҳо» аз қисмҳои гуногуни ин курс ба назарияи муқоисаҳо аҳамияти калон додан лозим аст. Бо ёрии муқоиса метод (нишона)-и умумии тақсимшавии ададҳо исбот карда мешавад. Ба манфиати муаллимони оянда мебуд, агар натиҷаҳои ин нишона ба методҳо (тарзҳои)-и хусусие, ки дар КММ истифода бурда мешаванд, муқоиса карда шаванд. Ин тасдиқро нисбат ба таҳлили математикӣ ва геометрия низ гуфта метавонем. Бо ин восита далелҳо ва мафҳумҳое, ки дар КММ омӯзонида мешаванд, илмӣ асоснок мегарданд. Ин хело муҳим аст, зеро таълими фанҳои тахассусӣ ба тайёрии кабии донишҷӯён нигаронида мешавад.
Бинобар ин, айни замон қайд ва мухтасар баён намудани мавқеи касбии материали математикӣ талаботи асосии машғулиятҳои аудиторӣ бояд бошад.
Имрӯзҳо ҳадафи чоруми Ҳукумати кишварамон-саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад. Солҳои 60-70-уми асри гузашта муаллимони оянда (ба вижа донишҷӯёни шӯъбаи физикаю математика) малакаҳои политехникиро ҳангоми омӯзиши сохти автомобил, коркарди металл, чӯб ва ғайра барои сохтани асбобҳои гуногун дар дастгоҳҳои корхонаи донишкада азбар мекарданд. Муҳиммаш он, ки дар курси охирин V практикуми «Ченкуниҳо дар маҳал» ҷорӣ буд. Дар ин курс донишҷӯён мафҳумҳои зиёди геометрӣ (секунҷаҳои монанд, аломатҳои баробарии секунҷаҳо, теоремаҳои синусҳою косинусҳо ва ғайра)-ро дар вақти чен кардани масофаҳои дастнорас бо ёрии асбобҳои ченкунанда (рулетка, ресмони ченакдор, паргори саҳроӣ, астролябия, мензула, эклиметр, теодолит ва ғайра) аз худ менамуданд. Ҳамон солҳо ба ёрии муаллимони синфҳои V-VII дастури методии Ҳ. Асадов-«Гузаронидани корҳои чункунӣ дар маҳал» низ чоп шуда буд. Чӣ тавре ки мебинем, курси зикршуда ба политехниконӣ дахлдор буда ҳоло аз нақшаи таълимӣ гирифта шудааст. Ин ҷойи таассуф аст, зеро пешрафти техникӣ, кори мошину механизмҳо аз воситаҳои ченкунанда вобастагӣ дорад.
3. Ворид намудани тағйиротҳо дар мазмуни нақшаҳои таълимӣ барои тайёрии мукаммали касбии муаллимони математика ҳанӯз кифоя нест. Ҳоло донишҷӯён аз рӯи системаи тестӣ таълим мегиранд, ки он ба фаъолияти мустақилонаи онҳо вобастагӣ дорад. Бинобар ин, барои баланд бардоштани қобилияти мустақилонаи донишҷӯён зарур аст, ки методҳои таълим ҳаматарафа такмил дода шаванд, зеро камбудиҳое, ки дар ташкил ва гузаронидани машғулиятҳо ҷой доранд, боиси тайёрии сустии муаллимони математика мегарданд.
Масъалаи корҳои мустақилонаи донишҷӯён вақтҳои охир ба мушкилоти ногузир ва аҳамиятнок табдил ёфтааст. Тадқиқотҳои зиёд ба вуҷуд омадаанд, рисолаҳои бисёри илмӣ ҳимоя карда шудаанд. Аммо корҳои мустақилона бештар аз назари умумидидактикӣ дида баромада мешаванд.
Ҳамин аст баъзе масъалаҳое, ки таваҷҷӯҳ ба ҳалли онҳо, бешубҳа барои баланд бардоштани сифати тайёрии касбии муаллимони математика дар мактабҳои олии омӯзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.
Ислом ҒУЛОМОВ, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи математика ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Кормади шоистаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Related Articles

Leave a Comment