Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи муштараки Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 31-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша — чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб тартиб дода шуда, дар ин замина имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, доктори илмҳои сиёсӣ Миралиён Қиёмиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор, ноиби ректор оид ба таълим, дотсент Холиқзода Айниддин, ноиби ректор оид ба тарбия, дотсент Назаров Ҳотам ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Сараввал муовини ректор оид ба таълим, дотсент Холиқзода Айниддин суханронӣ намуда, ҳамаи ҳозиринро ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфтанд. Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, доктори илмҳои сиёсӣ Миралиён Қиёмиддин суханронӣ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи Истиқлоли давлатӣ табрик кард ва қайд намуданд, ки “Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшад ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд.”
Дар охир қисме аз иштирокчиён вобаста ба арзиши истиқлол суханронӣ намуданд.
и ещё 12
Вы, Махрамби Акбарова, Одинамо Шарипова и ещё 32