Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ КОРРУПСИЯ — ЗУҲУРОТИ ХАВФНОКИ ҶОМЕА

КОРРУПСИЯ — ЗУҲУРОТИ ХАВФНОКИ ҶОМЕА

by admin
221 views
Муқовимат бо коррупсия гуфта ягона роҳи мубориза бурдан бо ин амали номатлуб аст ва ман мехоҳам, ки дар хусуси хавфнокии ин падидаи номатлуб, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, фикру ақидаҳоямро иброз дорам ва ҳамзамон ҷиҳати пешгирии он таклифиҳои худро изҳор намоям.
Тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сухарониҳояшон зимни вохӯрӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қайд намудаанд, ҳанӯз дар аҳди бостон калимаи «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод карда шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиати шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал даст зада, дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд. Дар робита ба ин, дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар гардидааст, ки коррупсия ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатие) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайриммодӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамояд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, мебошад.Бояд қайд намуд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон маҳсуб меёбад.
Коррупсия аз ҷумлаи вирусҳое ба ҳисоб меравад, ки дар натиҷаи роҳ додан ба ин амали номатлуб ба тамоми шохаҳои фаъолияти мақомати ҳокимияти давлатӣ паҳн гашта, боиси поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, заиф гардидани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва инчунин ба сохти конститутсионӣ таъсир расонида, эҳтироми мардумро ба давлат ва мақомотҳои он коста гардонида, обрӯву эътимоди онро коҳиш медиҳад. Аз ин хотир дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ вобаста ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия низ махсус қайд гардида, аз ҷумла дар моддаи 7 Кодекси рафтори шахсони мансабдор оид ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, ки бо қатъномаи Ассамблеияи генералии СММ аз 17 декабри соли 1979 қабул шудааст, дарҷ ёфтааст, ки шахсони мансабдор оид ба таъмини тартиботи ҳуқуқӣ бояд ягон намуди кирдори коррупсиониро содир накунанд ва барои пешгирии ҳамаҷонибаи чунин омилҳо ва мубориза бар зидди он кушиш намоянд.
Бо назардошти хавфнокии баланди ҷамъиятии кирдорҳои коррупсионӣ муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, амалӣ намудани ин сиёсат райъи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд. Муқовимат ба коррупсия–фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, дар доираи ваколатҳо ва вазифаҳои худ, инчунин шахсони воқеӣ дар самти пешгирии коррупсия, аз ҷумла оид ба ошкор ва бартарафсозии омилҳои ба вуҷудоварандаи коррупсия (пешгирии коррупсия), дар самти ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ (мубориза бо коррупсия), оид ба кам ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, дар самти мусоидат дар пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мебошад.
Бо шарофати ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин заминаҳо дар кишвари мо фароҳам оварда шуда, иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаа шаҳрвандӣ дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб таъмин карда шудааст. Аз ҷумла дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгуй қабул шуда,ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ-Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умумимиллӣ-Шурои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудаанд. Ҳамзамон дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати пешгирии омилҳо коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани шахсоне, ки ба чунин кирдори номатлуб даст мезананд муқарраротҳои дахлдор пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар моддаҳои 279, 314, 315, 316, 318, 319, 320 ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ барои ришвадиҳии тиҷоратӣ, суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, беамалӣ дар иҷрои вазифа, баромадан аз ҳадди вакоалтҳои мансабӣ, иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ, гирифтан ва додани пора ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шудааст. Дар баробаи ин, барои боз ҳам муқовимат бахшидан бар зидди коррупсия ҳамасола аз тарафи Ҳукумати мамлакат маоши вазифавии хизматчиёни давлатӣ, ки яке аз омилҳои пешгирикунандаи содиршаваии ҳуқуқвайронкуниҳои корруписонӣ ба ҳисоб меравад, баланд бардошта мешавад. Чунончӣ, бо татбиқи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар гаштани самти амалӣ намудани адолати судӣ тадбирҳои мушаххас андашеида шуда, ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор вобаста ба беҳгардонидани фаъолияти низоми адолати судӣ, таҳия ва қабули санади ҳуқуқии дахлдор оид ба пурра намудани ҳайати баъзе судҳо ва ба танзим даровардани сарбории судяҳо, ҳамасола пешбинӣ намудани афзоиши маблағгузории мақомоти судӣ дар буҷети давлатӣ ва баробар кардани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ба вазъи иҷтимоии кормандони дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ махсус кайд гардида, барои амалӣ сохтани он Фармони Сарвари давлат аз 2 августи соли 2011 №1126 дар бораи ба андозаи 100 фоиз зиёд намудани музди маоши судяҳо ба тасвиб расид, ки чораҳои мазкур бешубҳа барои таъмини мустақилияти судяҳо мусоидат хоҳад кард.
Боиси тазакур аст, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ баланд бардоштани маоши вазифавии хизматчиёни давлати дар ин сол низ пешбинӣ гардиааст. Мавриди зикр аст, ки Тадбирҳои амаликунандаи роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки барои аз байн бурдани зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои корупсиони ҳамаи моро водор месозад, ки дар ин кори басо муҳими давлатӣ бетараф набошем ва дар ин самт бо фаъолияти масъулиятноки хизматӣ ҳиссаи худро гузорем.
Юсуфзода Қубод, хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон

Related Articles

Leave a Comment