Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ИСТИҚЛОЛ

БАРГУЗОРИИ БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ИСТИҚЛОЛ

by admin
210 views
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони «Ҳумоюн бод, Истиқлоли тоҷик!» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, ноиби ректор оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айниддин, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, ноиби ректор оид ба иртибот бо ҷомеа Зафар Мирзоён, ноиби ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Назаров Ҳотам ва ҳайати профессорону омӯзгорон ширкат варзиданд.
Нахуст қисмати тантанавиро ректори Донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, қайд намуданд, ки “Даврони Истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.”
Дар охир аз ҷониби Хонаи маданияти донишгоҳ шеъру суруд дар васфи Истиқлол манзури ҳозирин гардонида шуд.

Related Articles

Leave a Comment