Home ХАБАР 28-СОЛАГИИ РӮЗНОМАИ «АНВОРИ ДОНИШ» МУБОРАК БОД!

28-СОЛАГИИ РӮЗНОМАИ «АНВОРИ ДОНИШ» МУБОРАК БОД!

by admin
227 views
Рӯзи 1-уми сентябри соли 1994 аввалин шумораи рузномаи «Анвори дониш» — нашрияи расмии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз чоп баромад.
АНВОРИ ДОНИШ, рӯзнома, нашрияи расмии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, аз 1-уми сентябри соли 1994 нашр мешавад.
Рӯзнома бо ташаббус ва дастгирии ректори ҳамонвақтаи донишгоҳ доктори илмҳои химия, профессор, академик Самариддин Каримов таъсис ёфтааст. Он дар Вазорати матбуот ва ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Вазорати фарҳанги ҶТ) таҳти рақами 285, аз 14.03.1994 ба қайд гирифта шуда, шумораи якуми он 01.09.1994 ба табъ расидааст. Мақсад ва вазифаҳои рӯзнома дар барнома ва оинномаи он тарғибу ташвиқи илму маърифат, инъикоси рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии донишгоҳ, пойдор гардонидани дӯстии ҷавонони гуногунмиллат, ҳимояи манфиатхои Ҳукумати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғиби комёбиҳои илми дунё иборат аст.
Солҳои аввал рӯзномаи «Анвори дониш» дар ҳаҷми 2 саҳифа дар формати А3 ҳафтае як маротиба бо теъдоди 200-300 нусха нашр мегардид. Мазмуну муҳтавои мақолаҳо ва шумораҳои рӯзнома сол ба сол беҳтар ва муаллифону хонандагони он зиёд мегардиданд. Инчунин, саҳифаҳои рӯзнома ба 4 ва теъдоди ба 800 нусха расонида шуд.
Аз соли 2008 то соли 2006 ҳаҷми саҳифаҳои рӯзнома ба 8-12 саҳифа расид ва аз 1-уми сентябри соли 2016 то ба имрӯз рӯзнома дар ҳаҷми 16 саҳифа бо (дар 1 моҳ ду маротиба) теъдоди 6000 нусха чоп шуда истодааст, дар минтақа аз ҷиҳати саҳифа ва нусха дар ҷойи якум меистад.
Дар маркази диққати рӯзнома инъикоси сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вилояту шаҳр ва роҳу нишондодҳои роҳбарияти донишгоҳ мебошад. Ҳамчунин дар ҳар шумора роҷеъ ба ҷараёни таълим, роҳҳои беҳтар кардани сифати таълим, ҳаёти рӯзмарраи донишгоҳ, набзи ҷамъомаду чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ, варзишии донишгоҳу ҷумҳурӣ хабару мақолаҳои пурмуҳтаво чоп мегарданд.
Рӯзномаи «Анвори дониш» ҷавононро дар рӯҳияи ғояҳои пешқадами демократӣ тарбия намуда, дар кори рушду нумуи таълиму тарбияи онҳо ёрии бузург мерасонад. Рӯзнома тарғибгари рӯҳияи дӯстӣ, ҳамрайъӣ ва тафоҳум буда, барои ривоҷ додан ва мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ, риоя намудани анъана, расму оин ва ҷашну маросимҳои миллии мардуми тоҷик дар байни ҷавонон нақши муҳим дорад. Ҷавононе, ки майл ба каломи бадеъ ва шеърнависӣ доранд, маҳз навиштаҳои навқаламонаи худро дар рӯзномаи «Анвори дониш» ба чоп мерасонанд. Як зумра шоирону адибони донишгоҳ маҳорати шеъргӯии худро дар рӯзномаи «Анвори дониш» сайқал додаанд. Дар рӯзномаи «Анвори дониш» 7 нафар устодони донишгоҳ ба ҳайси муҳаррир ва сармуҳаррир кор кардаанд:
Аламхон Кӯчаров, доктори илмҳои филология, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ (1994-1996);
Нуриддини Насимӣ, номзади илмҳои филология (1996-1998);
Алиев Аҳмад, номзади илмҳои филология (1998-2002);
Исломов Аслон, рӯзноманигор (2002-2006);
Худойдодова Шарофат, номзади илмҳои филология, дотсент (2006-2009);
Сафаров Бахтиёр, саромӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика, узви ИЖТ (2009-2016);
Рустамшо Ҷаҳонгир Рустамшо, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва методикаи таълим, узви ИЖТ аз соли 1-уми сентябри 2016 то инҷониб.
Айни ҳол дар ҳайати кормандони рӯзномаи «Анвори дониш» — сармуҳаррир, котиби масъул, ҳуруфчин, саҳифабанд ва муҳосиб кору фаъолият менамоянд.

Related Articles

Leave a Comment