Home ХАБАР ОЛИМИ ДОНИШГОҲ ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО СОҲИБ ШУД!

ОЛИМИ ДОНИШГОҲ ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО СОҲИБ ШУД!

by admin
168 views
Саттор Ғаффоров, номзади илмҳои физика ва математика, дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва назариявии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли 2022 барои дастовардҳо дар самти илмҳои дақиқ ва риёзӣ ба Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сарфароз гардонида шуд!
Раёсати Донишгоҳ устодро барои ноил шудан ба ин музаффарият самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдааашон барор хоҳон аст.
ЗИНДАГИНОМА
ҒАФФОРОВ Саттор (тав. 13.02.1949, деҳаи Шобикаи ноҳ. Восеи вил. Хатлон, аз хонадони деҳқон), физик, номзади илмҳои физика-математика (1982), дотсент (1990), Аълочии мактабҳои олии СССР (1989), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1995). Хатмкардаи факултаи физика-математикаи Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1971). Таҳсил дар мактаби миёнаи №2 ба номи К.Е.Ворошилови ш. Кӯлоб (1955-1963), донишҷӯи омӯзишгоҳи педагогии Кӯлоб (ҳоло коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1963-1967) ва ИДПК (1967-1971), омӯзгор (1971-1972), муаллими калони кафедраи физикаи умумии ИДПК (1972-1977), коромӯз-муҳаққиқ (1977-1979), аспиранти кафедраи химияи физикии Институти техникаи электронии Москва (1979-1982), мудири кафедраи физикаи умумӣ (1983-1989), кафедраи физикаи назариявӣ (1995), декани факултаи физикаи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1995-2009), сардори шуъбаи таълим (2005-2006), мудири кафедраи физика ва энергетикаи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб (2009-2012). Аз соли 2012 дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва назариявии ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Дар мавзӯи «Тадқиқи эффекти Холл дар моеъҳои нимноқилии характери гуногуни таъсири мутақобилаи байниатомидошта» (1982, Москва) бо роҳбарии доктори илмҳои физика-математика, профессор А.А.Айвазов рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Натиҷаи тадқиқотҳои илмии ӯ дар Ун-ти радиотехникии Рязан (ФР) мавриди истифода қарор дорад. Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва ихтирооти ӯ санад дар бораи татбиқи ячейкаҳои ченкунии коэффисиенти Холл дар моеъҳои металлӣ ва нимноқилӣ (Москва, 1982) ва гувоҳномаи патенти татбиқи дастгоҳ барои аз масофа чен кардани ҳарорат дар хоҷагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Кӯлоб, 2012) маҳсуб мешаванд. Муаллифи якчанд китобу васоити таълим ва беш аз 200 мақолаи илмӣ ва ихтироот. Иштирокдори бисёр конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои моеъҳои нимноқилӣ ва низоми кредитии таҳсилот дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Италия. Ӯ бо Ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ҶТ (2008), Вазорати энергетика ва саноати ҶТ (2010) ва нишонҳои сарисинагии «Аълочии мактабҳои олии СССР» (1989), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1995) мушарраф гардидааст.

Related Articles

Leave a Comment