Имрӯз дар толори фарҳангии бинои факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абубабдуллоҳи Рӯдакӣ мулоқоти ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек бо ҳайати омӯзгорон ва роҳбарияти факултети физика ва математика ва факултети филологияи рус баргузор гардид.
Мулоқот дар як фазои орому озод гузаронида шуда, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, пеш аз ҳама, оид ба омодагиҳо ба соли нави таҳсил суханронӣ намуданд. Инчунин, аз дастовардҳои бадастовардаи факултетҳо изҳори хушнудӣ карда, ҳамзамон аз камбудиҳои ҷойдошта дар самти таълиму тарбия низ гуфтанд.
Сипас, аз тарафи омӯзгорон оид ба масоили таълиму тарбия пешниҳодот ироа гардид.
Ректори донишгоҳ барои беҳтар намудани сифати таълим ва ба даст овардани музаффариятҳо дар самти таълим, илму инноватсия, тарбия ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳайати омӯзгоронро ба хизмати аҳлона ва содиқона даъват карданд.