Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТЕРРОРИСТ НАВКАРИ ШАЙТОН ВА ТЕРРОРИЗМ ПЕШАИ АҲРИМАНИСТ

ТЕРРОРИСТ НАВКАРИ ШАЙТОН ВА ТЕРРОРИЗМ ПЕШАИ АҲРИМАНИСТ

by admin
207 views

Имрӯз терроризм ва эктремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтан аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Терроризм ҳамчун як зуҳуроти зишттарин дар ҷомеаи инсонӣ таърихи дуру дароз дорад. Аммо он дар охири асри XX дар ҳошияи равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат ташаккул ва рушд ёфта, алҳол барои аксар кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба яке аз хатарҳои мудиҳштарин табдил ёфтааст. Минтақаҳои зиёди оламро валангор сохта, одамони зиёдро аз ҷои зисти аҷдодии худ маҳрум намуда, амалҳои пастарину зишти номатлубро ба насли инсон раво мебинад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат дар ҳар як суханрониҳояшон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамеша ин зуҳурот ва ё пешаи аҳриманиро, ки дар аксари минтақаҳои Осиёву Африка ва Аврупову Америка доман густурда, ба мисли вабои сироятбор, ки ҳамарӯза ҳудуди маргбори худро паҳн мегардонад, маҳкум намуда, аз ҷаҳониён даъват ба амал меоранд, то бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон баранд.

Дар Паёми имсолаашон низ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сараввал суханронии худро аз таҳдиду хатар ба амнияти умумиҷаҳонӣ оғоз намуда, чунин изҳор доштанд, ки «соли 2017 дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт».

Дар ҳаққиқат, ин таҳдиду хатарҳо ва амалҳои зишти гурӯҳҳои террористӣ пешгирӣ карда нашаванд, метавонанд сабабгори нооромиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва халадор сохтани амнияти умумибашарӣ гардида фарҳанги минтақаҳои гуногунро коста гардонад. Тоҷикистон барои вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои умумиҷаҳонӣ ва баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани иқтидори муносибатҳои дохиливу хориҷии худ тадбиру чораҳои муассир меандешад.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои боэтимоди байналмилалӣ айни ҳол дар ҷаҳон тақрибан 500 ташкилоти террористӣ амал мекунад, ки дорои шабакаи фаромилӣ ва муташаккили сохторӣ мебошанд.

Мувофиқи маълумотҳо аз соли 1982 то 2002 дар ҷаҳон наздики 300 амалҳои террористӣ аз ҷониби террористони худкуш аз тараф 11 ташкилот роҳандозӣ карда шудааст, ки дар натиҷа беш аз 3000 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аммо дар як соли 2011 дар маҷмӯъ дар 70 давлати ҷаҳон зиёда аз 10 ҳазор амалҳои террористӣ ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи онҳо зиёда 12,5 ҳазор одамон ҷон бохтаанд. Ин аз он далолат медиҳад, ки терроризм ҳамарӯза домани нопок ва ғаразноки худро васеъ намуда истоддаст.

Боиси таассуф аст, гурӯҳҳои тунгаро аз номи поки дини мубини ислом баромад намуда, бисёртар ҷавонони гумроҳи камсавод ва ҷавононе, ки фарҳанги пасти динӣ доранд ба тарафи худ ҷалб намуда ба онҳо ваъдаи пулу моли бардурғ ва фатво бар он медиҳанд, ки гуё бар ин амалҳои зишташон дохили «ҷаннат» мегарданд, ҳол он ки дохили ҷаннат ва ҷаҳаннам шудани кадом инсонро Худо худ медонаду бас, вале онҳо дар асл номи поки дини исломро доғдор месозанду халос. Чун дини ислом худ шиканҷа ва куштори одамони бегуноҳро маҳкум месозад, лозим ба ёдоварист, мувофиқи таълимот дини ислом ва китоби бузурги он Қуръон куштани инсон ва рехтани хуни ноҳақ бисёр гуноҳи азим аст. Чуноне, ки Худованд мефармояд «Ҳар инсоне, ки бадқасдона инсонеро мекушад ҷояш ҷаҳаннам буда, дар он ҷо то абад хоҳад монд» Аллоҳ бар ӯ ғазаб ва лаънату нафрин карда, барояш азоби алимро муқаррар мекунад.

Пешвои миллат низ дар ин бора чунин иброз доштаанд: «Ислом дини тақво, инсофу адолат, сулҳу амният, ахлоқи ҳамида, ва талқингари маънавиёти воло буда, ҳамагуна аъмоли зишту носавоб, зулму ситам, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд ва хилофи зуҳуроти глобалии имрӯза, аз қабили терроризм ва эктремизм мебошад».

Боиси таасуф аст, ки баъзан ҷавонони мо аз сабаби кам доштани донишу фаҳмиш, заиф будани ҷаҳонбиниву шуури сиёсӣ ва ҳамчунон бо сабаби рушд наёфтани худогоҳи ва худшиносии миллӣ дар ботинашон ба доми чунин навкарони шайтон, аъзоёни гурӯҳҳои террористӣ афтида, домони поки миллатро доғдор ва ҳаёти рангини худу наздиконашонро шӯр месозанд. Агар пеши роҳи чунин кирдорҳо гирифта нашавад пояи истиқлолият ва ваҳдати миллии моро заиф мегардонанд.

Дар шароити имрӯз якчанд масъалаҳое ҳастанд, ки баъзан сабабгори шомил шудани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ, умуман, гурӯҳҳое, ки характери таҷовузкорона доранд, мегардад. Яке аз чунин масъалаҳои ҳалталаб тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи идеалҳои олии истиқлолият, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Албата дар шароити имрӯза як қатор монеаҳо ва мушкилотҳое ҳастанд, ки сади роҳи ҷараёни тарбия мегарданд, аммо новобаста аз ин фикр мекунем тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ яке аз мушкилотҳои нахуст дар ҷаҳони муосир ба шумор рафта, метавонад сади роҳи шомил шудани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ гардад.

Мушкили дигаре, ки сабаби шомил шудани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ мегардад, ин нобаробарии дараҷаи дониш, фахмиш, ҷаҳонбинӣ, шуурнокӣ ва маданияти сиёсии шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад ва ин ба он сабаб гардидаистодааст, ки баъзан шаҳрвандони мо ба моҳияти истиқлолият, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ сарфаҳм нарафта ба сафи гурӯҳҳои иртиҷоии террористӣ мепайванданд.

Аммо моро зарур аст, ки дар раванди тарбияи шаҳрвандон бар он муваффақ гардем, то дараҷаи дониш, фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва шуурнокии сиёсии ҳар як шаҳвандро баланд бардорем чун ҳама мардуми Тоҷикистон ба моҳият ва мазмуни истиқлолият, ваҳдати миллӣ, худштносӣ ва худогоҳии миллӣ сарфаҳм рафта тавонанд. Дар чунин ҳолат принсипҳои ҷомеаи демократӣ, адолати иҷтимоӣ ва равандҳои асосии эҳёи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ то рафт мустаҳкам мегардад ва ҳеҷ як гурӯҳҳои террористӣ дар мубориза бо мо муваффақ нахоҳанд шуд.

Халқи тоҷик аз азал халқи дорои таъриху фарҳанги ғанидошта маҳсуб ёфта, дар ҳеҷ як давру замон истиқлолият ва ваҳдати ҳеҷ давлатеро халалдор насохтаанд, аммо ҳамеша баҳри пос доштани таъриху фарҳанг ва ҳифзи истиқлолияту ваҳдат ҷонбозиҳо намудаанд. Мо, ҷавонони тоҷикро мебояд, ки дилдодаи ваъдаҳои бардурӯғи ҳеҷ як хоҷаҳои хориҷӣ нашавем ва чун фарзандони баруманди ниёгонамон ватани аҷдодии худ – Тоҷикистонро, агар лозим бошад, бо сипар кардани ҷон ҳифз намоед.

Бадалов Исфандиёр, докторанти PhD-и ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment