Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР БАРТАРАФСОЗИИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР БАРТАРАФСОЗИИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

by admin
242 views
Мо, ҷавонони насли истиқлолиятро, ки зери сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба воя расидаем, зарур аст, атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ озодона ибрози андеша намуда, дар муҳорибаҳои иттилоотӣ дасти боло дошта бошем.
Мо, ҷавонон бояд тавонем бо иродаи бузург ва дониши мукаммал ба иддаҳову буҳтонзаниҳои бадхоҳону камназарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавобҳои сазовору пурдалел дода, ба даҳони нопоки эшон мушти адолату ростӣ ва ваҳдату якдилӣ занем. Ҷавонони бонангу номуси мамлакат набояд ба доми фиреби аъзои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ афтида, домани поки миллатро доғдор ва ҳаёти рангини худу наздиконашонро талх созанд.
Мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтааст. Ҳодисаҳои ҳамарӯзаи дунё собит мекунанд, ки терроризм ва экстремизм хатари глобалии ҷиддӣ дошта, он таҳдиде ба оромии тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра мебошад. Амалҳои террористӣ ҳеҷ умумияте ба ягон дин, мазҳаб ё миллат, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ, содир карда мешаванд. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зуроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷойи муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.
Террористону экстремистон ва хоинон ба падару модар, фарзанд, калонсолону кӯдакон, ҳамдаёрону ҳамватанони худ раҳм надоранд. Хусусан онҳое, ки аз хориҷи кишвар одамонро ба “ҷиҳод” ташвиқ мекунанд, дар асл хоинони миллат, ватанфурушони зархариданд, ки имрӯз берун аз Тоҷикистон баромад мекунанд. Возеҳ аст, ки ҳамаи гуфторашон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст. Ба хотири пули ночиз ба Тоҷикистони азиз хиёнат карда, мехоҳанд одамонро ба вартаи ҳалокат афкананд.
Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба насли ҷавон ва наврас тарзи ҳаёти солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вақти холӣ фурсат наёбанд. Бештар ба забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд. Дар олами ислом ҷиҳоди аз ҳама беҳтарин ин хизмат ба падару модар ва ба халқу ватани азизамон Тоҷикистон аст. Ҳама он шиорҳое, ки аз номи ислом аз тарафи террористону экстремистон садо медиҳанд ва одамон, бахусус ҷавононро ба “ҷиҳод” ва барпо кардани хилофати исломӣ тарғиб менамоянд, дурӯғи маҳз аст. Террористон, ҳатто масҷидҳову ятимхонаҳоро низ метарконанд. Дар ҳоле, ки масҷид дар дини ислом ҷои муқаддас барои парастишу ибодат аст. Дар дини мубини ислом, ғамхорӣ намудан ба ятимон кори савоб ва аҷри бузург ба ҳисоб меравад, ҳатто сари ятимеро сила кардан худ савоб мебошад.
Яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад. Ин раванд боиси гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад. Аз ин рӯ, дар замири ҷавонон тарбия намудани ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро бояд ташаккул дод. Онҳо дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш — Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифи карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми неруи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд. Ногуфта намонд, ки дар Паёми навбатие, ки санаи 21-уми декабри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, қайд намудаанд, ки мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем ва итминони комил дорам, ки ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд.
Наврӯз Носири – н.и.и., дотсент мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment