Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ҶАНБАҲОИ ХАТАРОВАРИ РАВИЯҲОИ ДИНӢ-ИФРОТӢ

ҶАНБАҲОИ ХАТАРОВАРИ РАВИЯҲОИ ДИНӢ-ИФРОТӢ

by admin
226 views
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ бамаврид қайд намудаанд, ки «Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳанӯз солҳои 90 уми асри гузашта даврони фоҷеабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад.»
Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ҳатто имрӯз низ, яъне дар ибтидои қарни XXI дар замони пешрафти босуръати илмҳои табиию дастовардҳои нав ба нав дар соҳаи улуми динӣ, олами ислом ҳанӯз ҳам дар ҳолати вобастагӣ аз арзишҳои асримиёнагӣ аҳамияти амалии худро гум намуда қарор дошта, дар ҳифзу нигоҳ доштани онҳо устувории бемисл нишон медиҳад ва бо ин амалкарди худ ба ғайр аз ҷомеаи ҷаҳонӣ боз барои аҳли ҷомеаи худ низ хатар эҷод менамояд. Яке аз ҷанбаҳои хатаровар дар ин самт маҳз дар доираи фаъолияти ҳизбу ташкилотҳо ва ҳаракатҳои муайян ба роҳ мондани нақшаи ҳифзи арзишҳои асримиёнагист, ки чунин тарзи корбурд барои пешрафти ҷомеа ҳар чӣ бештар садди сунъӣ тавлид намуда, дар ҳифзи арзишҳои кӯҳнаи динӣ пешрафти назаррасро хубтар таъмин менамояд.
Хатари экстремизми динӣ барои кишвари мо низ эҳсос мегардад, ки нишони онро мо дар гаравиши иддае аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дарк менамоем.
Мардуми тоҷик аз қадим дорои фарҳанги волои ҳамдигарфаҳмӣ буда, ба ғояҳои тундгароёна майл надошт. Ин хосияти миллии тоҷикон ҳам дар марҳилаи то исломӣ ва ҳам дар марҳилаи исломӣ ба мушоҳида мерасад. Дар масири таърихи кишварҳои арабӣ бошад, мунозираҳои ақидагии мазҳабӣ андаруни баҳсҳои фиқҳиву илмӣ зуҳур карда, бо манфиатҳои молию ҷуғрофӣ омезиш ёфта, таҳқири шахсӣ ва гуруҳӣ ба ифрот расида, ҷомеаи исломиро ба хунрезию моҷароҳо мубтало кардааст. Ин ҳолат хоси аксари кишварҳои Шарқи Наздик буда, бо вуҷуди мавҷудияташ дар тӯли таърих ҳеҷгоҳ хоси мардуми тоҷик ва мазҳаби таҳаммулпазири Ҳанафӣ, бавижа шохаи Мовароуннаҳрии он набудааст.
Гузаштагони баруманди халқи тоҷик дар рушди фарҳанги тамаддуни исломӣ саҳми бисёр бузург гузошта бо офаридани осори бузурги маънавӣ ва илмию фарҳангӣ доир ба роҳҳои таҳкими ғояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла мазҳабӣ андешаронӣ намудаанд. Чунончӣ дар «Сиёсатнома»-и Низомулмулки Тусӣ вобаста ба ҳифзи давлат ва мазҳаб бо такя ба шароити он замон суханони гуҳарборе баён гардидааст.
Мушкилиҳои имрӯзаи ҷаҳони ислом дар даврони гузашта низ бо рангҳои гуногун зуҳур кардаанд ва миллати тоҷик бо ҳифзи мафкураи асили худ тавонистааст аз ин гуна вартаҳои зиндагӣ худро наҷот диҳад. Низомулмулк низ дар замони худ дарк намудааст, ки иддае аз шахсони дорои ақидаҳои ифротӣ чун ҳувият гирифтаанд, ба мардуми мусулмон ранҷу азобҳои гароне мерасонанд ва ба ислом доғ оварданӣ мешаванд.
Дар хусуси сатҳи хатарнокии ин ҷараён барои ҷомеаи мо сухан ронда, бояд қайд намуд, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва бесоҳибии фазои идеологии кишвар рӯҳониёни кишвар дар фазои маънавии ҷомеа ташаббусро ба даст гирифта, тарғиби васеи арзишҳои диниро ба роҳ монданд ва дар натиҷа моҳиятан барои ворид гардидани андеша ва ғояҳои динии бунёдгаро замина гузоштанд. Ҳамин буд, ки андеша ва ғояҳои динии салафигароӣ бо номи ваҳҳобия ба кишвар ворид шуд ва дар сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ омил ва таҳрикдиҳандаи асосӣ гардид. Баъд аз хотима ёфтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо суръати баланд дар байни аҳли ҷомеа густурда гардидани фаъолияти ҷараёни «Салафия» ва дар як муддати кӯтоҳ дар ҷомеа мақоми назаррасро соҳиб гардидану дар байни тамоми қишрҳои ҷомеа тарафдорону ҳаммаслакони худро пайдо намудани он аз сатҳи баланди хатарнокии он ҳам барои низоми сиёсии кишвар (чун ҳадафи асосии онҳо бунёди давлати исломӣ маҳсуб меёбад), ҳам барои анъанаҳои фарҳангии кишвар (салафиҳо анъанаҳои фарҳангии кишварҳоро барои ислом бегона шуморида, онҳоро бидъат арзёбӣ менамоянд) ва ҳам барои арзишҳои миллӣ (дар таълимоти ҷараёни «Салафия», ки моҳияти арабгароӣ дорад, барои арзишҳои миллӣ ҷой нест) дарак медиҳад.
Акнун ҳар як фард бидонад, дар сарзамине, ки ба дунё омадааст ва дар он ҷо ба таври доимӣ бо аҳлу аёлаш умр ба сар бурда, кору фаъолият менамояд, он ҷо Ватани ӯ маҳсуб мешавад ва новобаста аз он, ки ӯ ба чи кор машғул аст, бояд Ватанашро дӯст дорад ва ҳамеша баҳри пойдории сулҳу субот ва гулгулшукуфоии Ватанаш ҷаҳду талош намояд, фарзандонашро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ростқавлию росткирдорӣ ва илмомӯзӣ тарбият намояд.
Исмон ЗОИРОВ, ассистенти кафедраи география ва сайёҳӣ
Ҳасан БОЗОРОВ, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултети химия,биология ва география

Related Articles

Leave a Comment