Home ХАБАР СУХАНИ ТАБРИКИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ХУҚУҚШИНОСӢ, ПРОФЕССОР РАҲМОН ДИЛШОД САФАРБЕК БА МУНОСИБАТИ 25-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

СУХАНИ ТАБРИКИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ, ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ХУҚУҚШИНОСӢ, ПРОФЕССОР РАҲМОН ДИЛШОД САФАРБЕК БА МУНОСИБАТИ 25-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

by admin
243 views
Ҳамватанони арҷманд!
Бо камоли ифтихор ва саодатмандӣ Шуморо ба муносибати яке аз бузургтарин дастовардҳои давлатдории миллати тоҷик – тантанаи 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломативу сарбаландӣ ва бахту саодати ҳамешагии рӯзгорро орзу менамоям.
Ваҳдати миллӣ омили асосии оромиву субот ва ҷузъи муҳимтарини ҳуввият, андеша ва ғояи миллии тоҷикон ба шумор меравад. Дар ҷаҳони ноорому пурҳаводиси муосир маҳз ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ барои мардуми мо омили бунёдии дастовардҳои навин, татбиқи нақшаҳои стратегӣ, кафили боэътимоди амнияти давлат ва ҷомеа, зербинои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва шарти асосии пешрафту ободии кишвари азизамон мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки рушди ҳар як давлати миллӣ дар замоне даст медиҳад, ки дар он сулҳу оромӣ ва амнияту субот ҳукмфармо бошад.
Барои мардуми шарафманди тоҷик дар натиҷаи заҳмату талошҳои зиёди ватандӯстонаву меҳанпарастона муяссар гардид, ки ба сулҳу оромӣ расанд. Ба ҳар яки мо маълум аст, ки дар ин ҷода муборизаҳо дар шаклҳои гуногун ҷой доранд. Ҳамонгуна, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: “Миллати сарбаланди мо хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои навадуми асри гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт”. Дар ин росто, танҳо ҳисси баланди худшиносӣ ва маърифати баланди инсонӣ даркор буд, ки миллати тоҷикро аз вартаи нестшавӣ нигоҳ дорад.
Бо ифтихор иброз медорам, ки дар фазои ноумедиҳо, мо- тоҷикон тавонистем, бо дарки масъулияти худшиносӣ ва фарҳанги волои ватангустарӣ шахсеро ба ҳайси роҳбар интихоб намоем, ки боиси татбиқбахшии ормонҳои миллӣ ва нест кардани ҷангҳои дохилӣ гардад.
Дар он рӯзҳои ноумедӣ, шикасти рӯҳияи миллӣ, бунёду барқарорсозии давлати мустақил ва эъмори ҷомеаи солим кори басе мушкил ва мураккаб буд. Анҷоми ин рисолати таърихиро абармарди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дӯши худ гирифта, тамоми ҳастиашро барои амалӣ намудани он равона намуд.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки таърихи рӯзи 27 –уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва анҷом пазируфт, дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон такони бузург бахшид. Ин сулҳ боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанон, занону кӯдакон, пиронсолону ҷавононро, ки маҷбуран тарки Ватани азизамон карда буданд, ба зиндагӣ ва ба ояндаи Ватан гарм намуд.
Маҷмуи дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавие, ки тули 30 соли охир дар ҷомеаи мо ба вуқуъ пайваст, самараи Ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиш, ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳнати созандаи мардуми меҳнатдӯсти кишвар мебошанд.
Маҳз Ваҳдати миллӣ тавонист Тоҷикистонро ба ҷаҳониён шиносонад. Самараи Ваҳдати миллӣ буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди ҳалли бисёр масъалаҳои ҷаҳонӣ, ба монанди терроризм, экстремизм, мубориза бар зидди гардиши ҳайриқонунии маводи мухаддир, масъалаҳои глобалии экологӣ пешниҳодоти Ҳукумати Тоҷикистонро пазируфта, мавриди амал қарор дод.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ калонтарин ва куҳантарин муассисаи таълиму тарбияи ихтисосмандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, хосатан кадрҳои педагогӣ мебошад. Дар ин донишгоҳи бонуфуз дар зарфи 30 соли истиқлолият дастовардҳои хеле муҳим ба даст омаданд. Қомат афрохтани бинои нави маъмурӣ ва таълимии ҳафтошёна ва эҷоду дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ аз ҷониби олимони ҷавон дар риштаҳои гуногуни илм, ки теъдодашон ба беш аз 68 нафар мерасад боиси қайд аст. Инчунин иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ хеле назаррас мебошад.
Устодон, кормандон, донишҷӯён ва ҳамватанони азиз, бори дигар Шуморо ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику шодбош гуфта, таманнои онро дорам, ки ливои Ваҳдат, ҳамчун дастоварди беназири замони соҳибистиқлолӣ, бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарзамини мо то абад партавафшонӣ намуда, дар хонадони ҳар яки мо чароғи сулҳу оромӣ ҳамеша фурӯзон бошад.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак бод!

Related Articles

Leave a Comment