Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОШЕЪРИ РӮЗ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — МУРШИДИ МУҲАББАТУ ОЗОДӢ

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — МУРШИДИ МУҲАББАТУ ОЗОДӢ

by admin
238 views
Бӯи модар медиҳад, ин сарзамин,
Манзараш монанди гулшан нозанин.
Тоҷикистон — ин Ватан-Модар бувад,
Бар ҳама азму ҷидолаш, офарин!
Пешвояш муршиди озодӣ аст,
Раҳнамову роҳсозу дилқарин.
Бо ташаббус минбари олам гирифт,
Пешвои мулки обӣ дар замин.
Ҳастии ӯ даъвати халлоқӣ аст,
Даъвате сӯи рафоҳу асли дин.
То зиёратгоҳи Каъба, пештар,
Каъбаи дил кард зиёрат, офарин!
Ӯ барои миллати мо сулҳ хост,
Карда яздон ҳадя сулҳи ангубин!
Меҳани мо дар харити ҷону дил,
Ҷовидон шуд маркази сулҳи замин.
Аз Паёме то Паём меъроҷ кард,
Муршиди сулҳу амонии қарин.
Мавлуди Ӯ мавлуди миллат бувад,
Сабт гашт дар тақвими қалби ҷамин.
Пешво ҳамчун Ватан шуд ҷо ба ҷон,
Андар ин ҷон, ҷони маҳбуби нигин!
Марзи дилро рахна кард бо ҳастиаш,
Ҳастие чун муҷиби меҳрофарин.
Дар радифаш ҳаммуродиф нест, нест
Пешвои ҷовидони сарзамин.
Эй навовар, ишқилқо — Пешво,
Шодкомем аз мафоҳими мубин!
Пешгоҳи ҷону дил ҷои ту бод,
Эй мукаррамраҳбари ҳам ону ин.
Хонаи тан нурборон шуд зи ту,
Нури Раҳмон, нури Яздонӣ яқин.
Фаслҳоро кардӣ васл бо асли асл,
Эй намои олии олитарин!
Мактаби мардонагиат шаҳкитоб,
Таърихи сабзи муҷаллову матин.
Рӯзи навро кардӣ «Наврӯз»-и башар,
Мешавад аз ин зиёд, ҳиммат ҳамин.
Қалби дунё мешавад ин меҳанам,
Эй Душанбе, мазраи зеботарин.
Дар тану ҷон ҷорӣ аст хуни Ватан,
Аз Бадахшон то Зарафшони зарин
Дар саросар давлати рӯи ҷаҳон,
Шуд Саразми мо сари азми ҷамин.
Миллати мо шуд диёри гулбасар
Чун далеле боғи Ирамро бубин.
Аз Хуҷанд то Нораку Дарвозу Панҷ
Мешукуфад наргису ҳам ёсамин.
Ҳар нафас озод мегӯям сухан,
Шукри Пешвои муҳаббатофарин.
Пешво бо Тоҷикистон зинда бод!
Мо дуогӯем, ки озоре набин.
Умедҷон АМОНӢ, магистранти соли якуми факултети идоракунии давлат ва сиёсати Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Related Articles

Leave a Comment