Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ — ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОЛИМОН”

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ — ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОЛИМОН”

by admin
373 views
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, доктори илмҳои сиёсӣ Миралиён Қиёмиддин, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор ва зиёда аз 100 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Маҷлисро котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” Бадалов Исфандиёр оғоз намудаанд.
Сипас, муовини ректор оид ба таълим дотсент Холиқзода Айниддин баромад намуда, зимни баромадашон қайд карданд, ки “Вазифаи аввалиндараҷаи ташкилоти ибтфидоии ҳизбии “Олимон” ин ташкил намудани нишасту вохӯриҳо вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демокроатии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Вобаста ба ин масъала дар донишгоҳ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” беш аз 10 суҳбату вохӯриҳо баргузор гардида, миёни ҳизбиён моҳияту муҳимияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғибу ташвиқ гардид. Як нуқтаро қайд кардан зарур аст, ки аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Ташкилоти ибтидоии “Олимон” аз шахсиятҳои содиқ ба халқу ватан ташаккул ёфтаанд. Махсусан, аъзоёни ҳизб аз ҳисоби занон бештар гашта истодааст, ки ин нишонаи сиёсати дурусти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати фаъол сохтани нақши занон дар ҷомеа мебошад.”
Ҳамчунин, дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” тибқи талаботи банди 4.4-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳоди номзад ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ сурат гирифт, ки дар он ректори донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ба ҳайси раиси ташкилоти ҳизбии “Олимон” интихоб гардид.
Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” бо масъулияти баланд дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар асоси Оиннома, барнома, қарорҳои Анҷумани ХIII ҳизб, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дохилиҳизбӣ ва дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кулоб ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботи ба як қаттор муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Имрӯзҳо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” ҳуҷҷатҳо аз қабили шаҳодатномаҳои ҳизбӣ, варақаи пардохти узвият ва китоби бақайдгирии аъзои ҳизбро таҳлил ва ба низом дароварда, фаъолияташро дар самти ҳуҷҷатнигорӣ мунтазам тақвият медиҳад.
Ҳамзамон, ҳар моҳ оид ба ҳаракати аъзои ҳизб ба Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳисоботи оморӣ пешниҳод карда мешавад, ки ин барои боз ҳам беҳтар гардидани ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” мусоидат менамояд.

Related Articles

Leave a Comment