Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ САДОИ ПОИ АШКҲО ДАР ҒАМНОМҲОИ ФАЙЗИ АШӮР

САДОИ ПОИ АШКҲО ДАР ҒАМНОМҲОИ ФАЙЗИ АШӮР

by admin
458 views
Эй кош, ки ҷои орамидан будӣ,
Ё ин раҳи дурро расидан будӣ.
Баъд аз сари сад ҳазор сол дар дили хок,
Чун сабза умеди бардамидан будӣ. Умари Хаём
Ба қалам додани дарду ғами инсонӣ маҳорати баланди сухангустариро талаб мекунад, махсусан сухан вақте ки дар бораи марсия ва ғамномаҳо меравад.
Гумон мекардам, ки баъди устод Лоиқ Шералӣ касе дар пояи ӯ ин қадар бо сӯзу гудоз, ин қадар бо дарду ҳасрат дар шакли густурдаву хеле зиёд дар бораи модар наменависад. Аммо вақте ки китоби тозанашри шоири навовар ва боистеъдоди муосири тоҷик Файзи Ашӯр бо номи «Оре, манам дарахт» ба банда дастрас гардид, шукр кардам, ки дар ин мавзӯъ давомдиҳандаи кори устод пайдо шуд, чунки ёди азизон яке аз муқаддасоти инсонӣ ба шумор меравад. Мундариҷаи китоби мазкур аз якчанд қисмат иборат буда, қисмати «Садои пои ашкҳо» бисёр таъсирбахшу ғамангез мебошад, ки марсияҳои ба наздикон бахшидаи шоирро дар бар мегирад. Аввал, дар сӯгвории падар мегӯяд:
Рӯйи қабрат, падар, аз сабзаи тар қолин аст,
Хезу аз хоб нигар, омади фарвардин аст.
Чӣ хамӯшист ба ҳангоми «Падар» гуфтани ман,
Ки ба гӯши мани гумкардападар вазнин аст…
Вақте ки додараш Бахтиёр (Бахтиёр Сафаров, журналисти шинохта) аз дунё гузашт, бисёр маҳзун шуд ва мегуфт, ки баъди марги ӯ дилам аз зиндагии сард шудааст, бародарам набуд, ҷӯраи наздикам буд. Ҳар лаҳза набудани ӯро эҳсос мекунам ва чанд ғазалу шеър дар бораи ӯ навишт, ки намунаи он дар ин қисмат ҷой дода шудааст:
Додарам зери хоки тар хоб аст,
Дигар ӯ сад дареғ ноёб аст.
Дар нигоҳам ситораҳо ашканд.
Ранггумкарда рӯйи маҳтоб аст…
Аммо чун сухан аз ғамномаҳои Файз дар бораи модар оғоз шуд, ӯ дарду алами модари пири мусибатзадаашро бо сӯзу гудоз ва хеле мутаассир ба риштаи тасвир кашидааст. Дар шеъри «Андӯҳи модар» дарди шоир бо дарду ранҷи модари солхӯрда тавъам гашта, мусибати ҷонсӯзи инсонӣ бо тасвирҳои мутаассиру ғамангез рӯи авроқ омадаанд:
Дар теппаи Кӯлоб бародар хоб аст,
Бо мурдаи садсола баробар хоб аст.
Маҷрӯҳу фитода аз сари қуллаи бахт.
Бедории модарам лаби ҷар хоб аст.
Имшаб зи чароғ агарчи нуристон.
Дар хонаи мо ҳавои гуристон аст.
Наздиктарини модар аст андӯҳаш,
Афтода сурури ӯ ба дуристон аст.
Дар мисраҳои баъдӣ нолаи модар боз ҳам пурсӯзу гудозтар тасвир гашта, дили дилхоҳ инсонро реш мегардонад. Халқият дар ин маврид бештар мушоҳида гашта, тасвирҳо риққатбортар мегарданд ва таносуби калом ба авҷи баланди худ мерасад:
Ҳар гаҳ ки ба ёди рафтагон нола кунад,
Дар пайкари зораш устухон нола кунад.
Таҳ бурда дилат зи синаат хоҳад канд
Пире, ки ба мурдаи ҷавон нола кунад.
Рӯяш ҳама зард аз фироқи писар аст,
Чизе, ки нишони оҳи ӯ шуд ҷигар аст.
Абрӣ шуда чашми модарам меборад,
Рӯймоли сараш лаболаб аз гиря тар аст
Мегиряду гиря аз сарам мерезад,
Сӯзонда ба хок пайкарам мерезад.
Гӯё ки на ашк, балки бо хуни ҷигар,
Бирён шуда чашми модарам мерезад.
Мурод аз ин гуфтаҳо ин аст, ки ҳар кас дарду ғами худро бо ҳар роҳ мебарорад, шоирон бошанд дарду ғами хешро бо марсияҳо ифода мекунанд ва табиитарин марсияҳо ҳамон марсияҳое ҳастанд, ки бевасита дар ғами волидайн, фарзандон, хоҳару бародар ва рафиқу дӯсти ҳамдам навишта мешаванд ва шеъру ғамномаҳо бояд пурсӯзу гудоз ва мутаассир бошанд, то ба дарди хонанда хӯранд. Марсияҳои Файзи Ашӯр аз зумраи онҳое мебошанд, ки дар ашъори шоир зиёд мушоҳида мешавад. Хонандаи гиромӣ ҳамаи инро бо сухан фаҳмондан намешавад, онро бояд мутолиа намоед ва рӯ ба навиштаҳои шоири тавонои дардошно Файзи Ашӯр биёред.
Дар шеъри «Тарсам» манзараи вафоти модар ва шарму иффати ҳамаи модарони тоҷикро дар симои модари худ хеле хуб ба қалам додааст:
Як гӯшаи дока даври гардан печон.
Як умр сараш надида будам урён.
Буданд гаҳи салом кардан ҳатто,
Ду панҷаи ӯ дар остинаш пинҳон.
Тимсоли ҳаёву шарм модарҷонам,
Донандаи хуби ҳикмати Қуръонам,
Мегуфт:-Зи марг не,ҳаросам з-он аст
Шарманда шавам ба чашми фарзандонам…
Ба қалам додани вопасин лаҳазоти зиндагии наздиктарин шахс , махсусан модар, бисёр сангин аст ва на ҳар шоиру нависанда аз уҳдаи он мебарояд,чунки он на ба қалам, балки бо хуни дил навишта мешавад, ки мисраҳои зерин далели ин гуфтаҳо мебошанд:
Чун тифл сухан гаҳе парешон гӯяд,
Гаҳ ҳарф чу ҳикмати бузургон гӯяд,
Тарсам,ки дубора дар миёни ҳазён,
Модар паи ҳам « Ай очаи ҷон!» гӯяд.
Падару модар ҳамчун гавҳари ноёбанд, Онҳо баракати хонадонанд. Ҳар лаҳзаи бо онҳо будан барои инсон ғанимат аст. Набудани онҳо дилро реш реш мекунад.Баъди сари падару модар бузургтарин дориро аз даст медиҳиӣ, хоки замин мешавӣ . Ғазали «Хокистар» бошад, ишора ба ҳамин гуфтаҳост:
На падар ҳаст дар ин хона дигар не модар,
Маҳу хуршед ба сар дошт надорад дигар,
Ҳар ки дидаст ба тасдиқ забон бикшояд,
Ғами модар бувад аз марги падар вазнинтар,
Очадориву дамосоии мағзи поча,
Ҷигарам рехт,ки бигзашт чу як дам аз сар…
Ҳама андӯҳи ҷахонро битавон аз дил руфт,
Гами нобудани модар натавон кард бадар.
Сӯхтам аз ғами бемодариям сар то по,
Лақаби Фази ятим аст дигар «Хокистар»
Шеъри «Гиряи мард» шояд нуқтаи кулминатсионии ғаму дарди шоир бошад, Ғаму дард синну солро нигоҳ намекунад. Дар дилхоҳ сину сол шахс пазмони модари хеш мешавад,аз даст додани ин фариштаи рӯйи замин бисёр гарон аст,Яке аздӯстони наздики банда Сафвати Бурҳон шеъре дошт, бо номи «Хоби мусофир» , сад афсӯс, ки дар хотирам намондааст, аммо мазмунан чунин аст,»…солҳо баъди вафоти модарам дар хоб дидам,ки чун дар хурди маро навозиш мекард ва ҳар гаҳ ки аз кӯча бо дастони хунукхӯрда меомадам, бо дастони худ дастони маро гарм мекард,бедор шудам,ки ин хоб будааст,хоби мусофират,ки хаёлоти маро ба гузаштаи дур- ба аёми бачагӣ бурд, ки пазмони он даврон шудам. Баъди сари модар дастонам дигар ҳеҷ гоҳ гармиро надиданд, Қурбони достони пурнавозишат шавам модари ҷонам, Куҷоӣ?» Ғаму дарди бемодарӣ бисёр сангин аст, инро марди дар синну соли аз 50 сола боло навиштааст.
Аммо ғаму андӯҳи аз даст додани модари солҳӯрдаи покизасиришти оламдида бениҳоят гарон аст, ки дили шоир Файзи Ашӯрро бисёр ба дард овардааст ва дилхоҳ инсоне, ки онро мехонад, агар дил дошта башад, ба ғаму ғусса ва ашкҳои равони шоир шарик мешавад:
Дигар на ба кунҷи хона танҳо гирям,
Дигар на ниҳонӣ аз дигарҳо гирям.
Баъди сари модарам натонам гуфтан
К-ин ҷой нагиряму дигар ҷо гирям.
Гӯянд ба дил хафифӣ орад гиря,
Махсусан агар ки сахт борад гиря.
Баъди сари модарат вале хоҳи дид,
Хосияти хӯрдани ту дорад гиря.
Афтода ба доми дард дорад гиря,
Дар сина ҳавои сард дорад гиря.
Нашнида зи кас шумо ба ҳам мегӯед:-
Хомӯш занон,ки мард дорад гиря.
Видоъ бо наздикон ҷонсӯзтарин ва ҷонгудозотарин лаҳзаи умри одамӣ мебошад, ки ба ёд овардани он барои каминаи камтарини шумо низ дардок аст. Як хусусияти барҷастаи ашъори Файзи Аӯшур аз он иборат аст,ки дар он халқият хеле зиёд мушоҳида карда мешавад. Шоир барои такқвият ва таъсирбахшии андешаҳои хеш аз ибораву истилоҳот ва мақолу зарбулмасал ва панду андарзҳои мардумӣ хеле ба маврид истифода намудааст, махсусан, вақте ки сухан дар бораи дарду алами инсонӣ меравад, ӯ тасвирҳои дардолуди ширинро бо сабку услуби хос рӯйи дафтар овардааст:
Дар кӯчаву хонаву дараш гиря кунад,
Бому дари ӯ баробараш гиря кунад.
Марде гиряд агар ба овози баланд,
Медон,ки ба марги модараш гиря кунад.
Хулоса,зиндагии инсон наметавонад ҳамеша саршор аз фараҳу шодӣ бошад,дар баробари ин дарду ғам ва мусибатҳо моро дунболагир ҳастанд ва мо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонем аз онҳо фирор кунем, Муҳим ин аст,ки мо инсонҳо агар асаолати инсонии худро нигоҳ доштанӣ бошем, бояд ,дар душвортарин лаҳазоти ҳаёт дар паҳлӯи ҳам бошем, ғамшарики якдигар бошем,дарди дигаронро дарди худ донем, мусибати онҳоро мусибати худ шуморем ,ки ин рафтору кирдори Инсон(бо ҳарфи калон) мебошад,
Шермуҳаммад ТОҲИРОВ, саромӯзгори кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон

Related Articles

Leave a Comment