Дар таърихи 15-уми июни соли равон дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии докторанти PhD-и кафедраи фалсафа Камолов Шодмон Валихонович дар мавзуи “Фалсафаи иттилоот ва ҷаҳонбинии муосири илмӣ” (роҳбари илмӣ, Ибодов Маҳмадулло Орифович, доктори илмҳои фалсафа, профессор) баргузор гардид.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарриз Садулоев М, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва мносибатҳои байналмилалии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Ибодов Маҳмадулло, доктори илмҳои фалсафа, профессор баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ намуда, пешниҳоду тавсияҳои худро ироа намуданд.
Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии докторанти PhD Камолов Шодмон Валихонович бо дарназардошти тавсияҳо барои муҳокима ба зинаҳои минбаъда ба ҳимоя тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба докторант ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.