Home ХАБАР ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ДОНИШГОҲ

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
173 views

Имрӯз вазири маориф ва илми Ҷумуҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро бо сафари корӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташриф оварданд. Зимни сафари хеш муҳтарам вазир фармони Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистонро дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи
давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» озод намудани Мирализода Абдусалом Мустафо ва ба ин вазифа таъин намудани Раҳмон Дилшод Сафарбекро ба Раёсати донишгоҳ ироа намуданд. Зимни суханронии хеш муҳтарам вазир қайд намуданд, ки устод Мирализода дар таълиму тарбия ва тайёр

 намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат нақши бориз доранд. Маҳз дар давраи роҳбарии ӯ донишоҳ ба як қатор пешравиҳо ноил гардид. Ҳамчунин вазири муҳтарам Раҳмон Дилшод Сафарбекро ба вазифаи нав  таъин гардиданашон табрику таҳният гуфта дар корҳои минбаъдаашон барору комёбиҳоро таманно намуданд.

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 10 июни соли 2022 №282
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи ректори Муассисаи
давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ»
озод намудани Мирализода А.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Мирализода Абдусалом Мустафо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати  Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

аз 10 июни соли 2022 №290

ш. Душанбе

Дар бораи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи

давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ»

таъин намудани Раҳмон Д.С.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳмон Дилшод Сафарбек ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» таъин карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

Раҳмон Дилшод Сафарбек 7-уми декабри соли 1985 дар оилаи муаллим таваллуд шудааст. Таҳсилоти ибтидоиро соли 1991 аз мактаби миёнаи №28-и шаҳри Кўлоб оғоз намуда, солҳои 1995-1998 дар мактаби миёнаи №54-и шаҳри Душанбе, солҳои 1999-2000 дар литсей-интернати президентӣ барои кўдакони болаёқати шаҳри Душанбе идома додааст. Соли 2001 мактаб-литсейи №55-и шаҳри Душанберо ба таври экстернӣ бомуваффақият хатм намудааст. Солҳои 2001-2006 дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ таҳсил намудааст. Ҳамчун, ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (2006-2014), муовини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2012-2014), муовини мудири шуъбаи кафолатњои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014-2015), мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015-2016) фаъолият кардааст. Аз моҳи марти соли 2016 ба сифати декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият менамуд. Муаллифи зиёда аз 100 маводи интишорист. Мавзӯи асосии таҳқиқот ва пажӯҳишҳои илмии ӯро масъалаву муаммоҳои таърихи ҳуқуқи инсон, дурнамои инкишофи падидаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҷаҳонишавӣ ва ҳуқуқ, низомҳои ҳуқуқӣ ва дурнамои рушди онҳо дар шароити ҷаҳонишавии ҳуқуқ ва ғайра ташкил медиҳанд.

Related Articles

Leave a Comment