Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ ДОКТОРАНТИ PhD

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ ДОКТОРАНТИ PhD

by admin
210 views
Санаи 11-уми июн дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии докторанти PhD-и кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии факултети филологияи хориҷӣ Робияи Абдусамад дар мавзуи “Таҳлили сохторӣ ва маъноии истилоҳоти китобдорӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ” (роҳбари илмӣ, Каримов Шуҳрат Бозорович, доктори илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи назарияи тарҷума ва услубшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) баргузор гардид.
Дар муҳокима муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Рафиев Сафархон, декани факултети филологияи хориҷӣ, Қурбонов Кароматулло, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Гулаҳмадшоев Шокир, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Ҷурақулов Бозоралӣ ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарриз Ҷоматов Самиддин, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Ҷурақулов Бозоралӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ намуда, пешниҳоду тавсияҳои худро ироа намуданд.
Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии докторанти PhD Робияи Абдусамад бо дарназардошти тавсияҳо барои муҳокима ба зинаҳои минбаъда ба ҳимоя тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба унвонҷӯй ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.

Related Articles

Leave a Comment