Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ШУКУФОИИ ВАТАН АСТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ШУКУФОИИ ВАТАН АСТ

by admin
5686 views
Сулҳу ваҳдат ибораҳоянд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо аҳли шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан. Ваҳдат-беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон хастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзи мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоқик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмии истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуди меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр мекунем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷӣ кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қурғонтеппа — Кӯлоб сохмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳзои ҷаҳон мепайвандад.
Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст. Хулоса, чун як фарзанди бонангу баномус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва ифтихор метавонам гӯям. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст.
Умри неки ҷовидон аз ваҳдат аст,
Шодии пиру ҷавон аз ваҳдат аст.
Меҳани ободу зебои маро,
Ифтихору шаъну шон аз ваҳдат аст.
Ваҳдат калимаест, ки бо маънию оҳангаш шахсро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунад. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии ҳаёт умр ба cap мебурданд. Онҳо баробар кор мекарданду ризқу рӯзияшонро ҳам барбар бо ҳам медиданд. Инсоният бидуни ягогагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст.
Агар ба таърихи халқи тоҷик назар афканем мебинем, ки барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва тараққӣ додан халқ ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш гирифтааст. Сарони давлати абарқудрати Сомониён ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки дар қаламрави давлаташон баробариву бародарӣ ҳукмфармо бошад, зеро хар ҷое, ки ягонагист, сулҳ низ он ҷост. Ҳар ҷое, ки сулҳ аст, амонию баракат низ он ҷост. Пас аз истиқлолияти кишвари мо бо дахолати қувваҳои беруна дар байни мардум парокандагӣ ба вуҷуд омад, ки он бар пояҳои ваҳдат зарари худро расонид. Дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрвандӣ ба амал омад, ки он харобӣ, марг ва бесарусомониро ба вуҷуд овард. Хавфи барҳам хӯрдани миллати тоҷик ба миён омад. Барои азнавсозии харобаҳо ва эҳёи миллат пешвое лозим буд. Худованд ба оҳи модарон ва нолаи хоҳарон раҳмат карда, шахсеро аз миёни халќ ба сафи пеш баровард, ки ӯ тавонист хаёти осоиштаро барқарор созад. Президентамон Эмомалӣ Раҳмон ба сари давлат омада, халқи сулҳпарвари тоҷикро ба баробарию бародарӣ даъват намуд. Мардум, ки аз харобию вайрониҳо ба танг омада буданд, роҳи навро пазируфтанд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати наве бо номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои хурду бузурги ҷамъиятӣ ҳисса гузоштанд. Ин амали хирадмандона самараи некро ба бор овард. Ниҳоят тоҷикон ба мувофиқа омада, даст ба дасти ҳам доданд. Бо имзо гардидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 27- июн Рӯзи Вахдати миллӣ эълон шуд.
Хушбахтона, пас аз имзои ин созишнома зиндагии мардуми тоҷик дар партави сулҳу вахдат гул-гул шукуфта истодааст. Сарвати беҳтарини халќакдмон ин ваҳдат ва яонагист. Вазифаиф мост, ки ин вахдату ягонагиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба фарзандони муттаҳид ниёз дорад, Тоҷикистон аз имрӯз низ бештар ободу зеботар хоҳад шуд.
Хулоса, ҷаҳон ва ободии он вобаста ба сулҳу ваҳдат аст. Ба ҷомеае, ки дар он сулҳу вахдат пойдор аст, ҳеч гоҳ осебе намерасад. Ман бо ифтихор қайд мекунам, ки ваҳдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳофаринӣ дар тамоми ҷаҳон дониста шудааст. Беҳуда нест, ки таҷрибаи ваҳдатофаринӣ ва сулҳи тоҷиконро институтҳои сиёсии ҷахон омӯхта истодаанд.
Парвина МУРОДОВА, омӯзгори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Коллеҷи омӯзгории назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment