Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРИЯИ ИНЪИКОС ВА ХАТШИНОСИИ КРИМИНАЛИСТӢ

БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРИЯИ ИНЪИКОС ВА ХАТШИНОСИИ КРИМИНАЛИСТӢ

by admin
255 views

Мактабу донишгоҳ он вақт соҳиби эътимод ва эътибор мегарданд, ки дар онҳо шахсиятҳои муътабар ба камол расанд. Дар фаъолияти хеш соҳибмактаб шаванд.

Чунин манзалат дар чаҳорчӯбаи ҷаҳонбиние шакл мегирад, ки дар он омӯзиши масъалаҳои илм ва таҷриба дар асоси методологияи диалектикӣ ташкил ва роҳандозӣ шуда бошанд.

Муҳиммияти дониш дар муайян кардани алоқамандии далелҳо ва қонунмандиҳост. Дар натиҷаи он инкишофи дақиқ ва ё эҳтимолии рӯйдод, сабаб ва оқибати ҷараёнҳо мушаххас мешаванд. «Илм фароҳамовари имконоти шинохти воқеии ҳама гуна шубҳаву нофаҳмиҳо мебошад: вай гиреҳкушои муаммоҳост. Илм вуҷуд дорад. Илм барои ҳама аст. Кӯр аст, касе, ки аз илм баҳравар нест». (Хитопадеша. Асри VI–и пеш аз милод.  Иборат аз 4 қисм. Қисми 1. –С.13).  Ва мусаллам аст, ки дониш аз оғози ҳаёти инсон то ба имрӯз ва фардо ҳам ягона воситаи ҳаллу фасли ниёзҳои иҷтимоии ҷомеа мебошад.

Донишгоҳҳо маркази азхудкунӣ ва инкишофи маърифат мебошанд. Ба фаъолияти аз лиҳози назариявӣ инъикос кардани воқеияти зиндагӣ, тадқиқот ва коркарди масъалаҳои мубрами   табиат, ҷамъият ва тафаккур машғуланд. Аз ҳама муҳим, муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар алоқамандӣ ва вобастагии функсионалӣ байни сиёсат ва нақшаҳои иҷтимоии давлат дар соҳаҳои илм ва истеҳсолот қарор доранд. Мафҳум, муҳокимаронӣ, хулосабарорӣ, далелҳои муътақидгардонӣ нисбат ба вазъ, зарурати рушди ҷомеа дар шароити мураккаби геополитикӣ маҳз дар мактаби олӣ сурат мегирад.

Қувваи пешбарандаи илм, субъекти марказии такондиҳандаи маърифат, ба мисли ҳамешагӣ Инсон аст. Ва «барои ҳама гуна дониш муаллим ва таҷриба лозим аст». (Кабус-намэ. Мудрые наставления сыну. Казан, 1886. Амрита Русь. –М., 2021. –С.108).

Профессор Ямоқова Зумрад Дадаҷоновна аз ҷумлаи устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, ки бо фаъолияти пурсамари илмӣ-тадқиқотӣ ва педагогии худ аз номварони соҳаи маорифи мамлакат  маҳсуб мегардад. Ӯ муаллифи зиёда аз сад асари илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методӣ аст. Дар пешрафти фанни криминалистикаи тоҷик саҳми бузург гузоштааст.

Дар маҷмуи тадқиқоти Ямоқова З.Д. мавзуъҳои экспертизаи судии дастнавис, методикаи экспертизаи хатшиносӣ, хатшиносии криминалистӣ мавқеи асосӣ доранд.

Ҳангоми пешбурди корҳои илмӣ ва фаъолияти илмӣ-педагогии Ямоқова З.Д. бо ном «шакли профессории бархӯрди мавзуъ» ё ба тарзи дигар, муҳокимаронӣ ва усули «фосила аз таҷриба» дида намешавад. Баръакс, назария дар корҳои илмӣ ва  амалии ӯ ҳамчун роҳ, усул ва воситаи тафсири воқеияти ҳастӣ истифода мегардад. Таҷрибаи зиёда аз  даҳсола дар соҳаи экспертизаи судӣ ба Ямоқова З.Д. ин имконотро додааст.

 Аз лиҳози дигар, яке аз масъалаҳое, ки профессор Ямоқова З.Д. ҳамчун мантиқи таҳқиқоти илмӣ ба он таъкид месозад, дарки муҳиммияти таҷриба ва маҳз тавассути он расидан ба ҳақиқати илмӣ мебошад. Чунки «худи илм ғайр аз муайян кардан ва ифода намудани ҳақиқат чизи дигаре нест». (Бекон Ф. Новая Атлантида. Опыты. –М., 1954. –С.127).

Ба ақидаи мавсуф, таҷриба ягона маҳаки санҷиши ҳақиқати илмӣ аст. Матн, дастхат ҳам барои ташхисгар ҳамчун маводи объективӣ дар дараҷаи тасаввурот ва аломатҳо арзи ҳастӣ мекунанд. Фақат таҷриба ва озмоиш нишон медиҳанд, то кадом дараҷа ба масъалаҳое, ки субъектҳои ҳуқуқӣ барои муайянсозии вазифаҳои дар пеш гузоштаи қонун, дархост кардаанд, маълумоти объективӣ пешниҳод намудан мумкин аст.  

Бидуни шак, омӯзиши паҳлуҳои фаъолияти пурарзиши илмии профессор Ямоқова З.Д. тадқиқоти алоҳидаро тақозо дорад. Дар ин маврид мо нисбат ба истифодаи назарияи инъикос дар доираи  монографияи ӯ «Хатшиносии криминалистӣ» (воситаи таълимӣ. –Душанбе, 2016) фақат баъзе ишораҳо карданӣ ҳастем.

Ба эътиқоди инҷониб, маҳз ҳамин назария ифодагари хосиятҳои умумии материя мебошад, ки  тавассути таъсири мутақобила дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла, хатшиносии криминалистӣ бозтоб меёбад.  

Назарияи инъикос дар маводи органикӣ ва ғайриорганикӣ гузоштани асар, из, ҳамин тариқ, нишони худро аз лиҳози объективӣ тафсир мекунад.

Яке аз дастовардҳо дар фаъолияти илмии Ямоқова З.Д. устодона истифода намудани хосияти инъикос ҳамчун далели матералии зуҳуроти ҳастӣ  мебошад.

Маълум аст, ки шинохти криминалистии  хат таърихи қадима дорад. Аммо аз солҳои сиюми асри гузашта ин самти барои кушодани ҷиноятҳои махсусан вазнин, дар вобастагӣ ба давраи навини тараққиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ – саноатикунонии давлатҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода ва вобаста ба он мураккабшавии сохтори аъмоли зиддиқонунӣ, аз ҷумла, бо истифода аз шакли графикии ифодаи овозҳо, тасдиқи ҳуқуқии фардияти шахс, масъалаи ошкор ва пешгирӣ намудани онҳо рӯзмарра гардид.  Дар ин муддат, методологияи айнияти хатшиносии судӣ ба таври назаррас инкишоф ёфт.

Бидуни шак, замони истиқлоли давлатӣ зарурати коркарди санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии миллиро ба миён овард. Ин давра ба рушди инқилобии техникаи электронӣ рост омад. Ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, мамлакати моро то дараҷаи муайян дигаргун сохт. Онро ба шеваи ҳуқуқӣ, зуҳуроти нави  юридикӣ низ гуфтан мумкин аст.

Ҳолати мазкурро профессор Ямоқова З. Д. ин тавр масъалагузорӣ мекунад: «азнавташкилёбии сиёсатҳои муосир, низоъҳои мусаллаҳона ва гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ, ки дар натиҷаи он гардиши ҳуҷҷатгузорӣ дар мамлакат боиси нуфузи вазъияти ҷинояткорӣ гашт, ки он ҳам, аз он ҷумла, дар фаъолияти амалиявии ташхисгарони хат… боиси талаботи зиёд оид ба мутобиқкунонии он ба ислоҳоти системаи судӣ ва қонунгузории нави мурофиавӣ, такмилдиҳии усулҳои тадқиқоти объектҳои хатии камҳаҷм – имзоҳо ва навиштаҷоти кӯтоҳ, назария ва методикаи ташхиси хатшиносии судӣ ба мақсади муайянкунии ҷинояткорони номаълум, истифодабарии технологияи компютерӣ, осонкунии равиши тартибдиҳии хулосаи экспертӣ ва шарҳдиҳии маводҳо гашт» (Ямоқова З.Д. Хатшиносии криминалистӣ (воситаи таълимӣ), –Душанбе, 2016. –С.8).

Дар тадқиқоти профессор Ямоқова З.Д. масъалаи инъикос ҷойгоҳи меҳварӣ дорад. Муҳаққиқ онро марбут ва маҳсули аслии материяи олӣ – майнаи инсон, аниқтараш, тафаккур  мешуморад. Маҳз аз ҳамин дидгоҳ онро зина ба зина номбар мекунад. Қисмҳои таркибии масъаларо дар асоси методҳои системавӣ ва системавӣ – структуравӣ тафсир менамояд. Ӯ менависад: «Дар давраи аввали омӯзиши хат, ки компоненти тафаккур аст, таъсири бузургро ба шаклгирии ҳусни хат дар ҳолати психологияи хатнавис: устуворӣ, эҳсосоти биниш, ҳусни таваҷҷуҳ, хотира, манфиатҳои тафаккурӣ, мақсаднокии ирода ва ғайра дар бар мегирад» (Ҳамон ҷо. –С.9). Ин ҷузъиётро муаллиф дар алоқамандӣ, ҳамбастагӣ ва вобастагӣ медонад.

 Хосияти илм дар ифода кардани маънӣ ва мафҳумҳо ба воситаи истилоҳ ва дефинитсияҳо мебошад. Он барои дарки мантиқӣ,  истисно кардани духӯрагиҳо дар истифодаи маънӣ ва фардикунонии тафсир, мушаххасгардонии касбият тавассути «коркарди забони» тафсирҳо, дар хотир нигоҳ доштани пайдарҳамии равандҳои психологӣ дар иҷрои амал дорои аҳамият мебошад.

Бешубҳа, ҳама гуна падида оғоз, инкишоф, тағйирёбӣ ва таназзул дорад. Дар шарҳи чунин ҳаракат ва ҳолат маъниофаринӣ тақозои замон аст.

Дар омади гап, хотирнишон бояд кард, ки на ҳама мутахассисон то ба охир ба қудрат ва тавоноии забони тоҷикӣ, махсусан дар соҳаи илмҳои тиб, ҳуқуқ ва техникӣ бовар доранд. Барои мисол, Абуалӣ ибни Сино касалии ракро ҳазорреша ном бурдааст, аммо истифодаи он дар забони тоҷикӣ то ҳанӯз арабӣ аст. Чунин мисолҳо садҳоанд.

Профессор Ямоқова З.Д. дар мавриди истеъмоли калимаҳои хориҷӣ ва иқтибосӣ, то ҳадди имкон,  эҳтиёткор аст. Мекӯшад, ки истилоҳоти заруриро, асосан, бо забони модарӣ ифода намояд. Барои мисол: «ҳолати руҳии хатнавис», «эҳсосоти биниш», «манфиатнокии тафаккурӣ», «мақсаднокии идора», «ҳассосии ретсепторҳои ҳиссиётӣ» ва монанди  инҳо. Баъди тафсири фикр бо истифодаи истилоҳот, маънӣ ва мафҳумҳо муаллифи китоб андешаи худро ба осонӣ хулоса мекунад: «Устуворият ҳангоми ташаккули хат ба вуҷуд меояд, ин хусусият ба коркарди системаи  (тартиби)  ҳаракатҳо хос аст». (Ҳамон ҷо. –С.10). Дар идомаи сухан профессор Ямоқова З.Д. давраҳои синну солии ҷараёни инкишофи хатро бо далелҳои мушаххас тафсир менамояд. Ҳангоми ташхиси матн ба инобат гирифтани ин ҷиҳати масъаларо муҳим мешуморад. Оғоз, шаклгирӣ ва камолоти азхудкунии навиштро зинаҳои муҳим барои омӯзиш ва муваффақона ҳаллу фасл намудани вазифаҳои криминалистӣ медонад. 

Муаллиф дар зарфияти моҳият ва зуҳурот, мақсаднокии амали ҳадафҳои омӯзиши криминалистиро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Ин масъаларо дар намунаҳои тарзи навишти ғаразнок   вориди баҳс месозад.

Маълум аст, ки тадқиқи криминалистӣ дар амалияи судӣ ба шумораи беҳисоби шаклҳои содир кардани ҷиноят рӯ ба рӯ мегардад. Мақсади аслии ҳадафҳои мавриди таваҷҷуҳи мурофиаи ҷиноятӣ – халалдор намудани муносибатҳои ҷамъиятии зери ҳимояи қонун  мебошад. «Дурӯғ метавонад ҳамчун фикри бофтабароварда дар бораи рӯйдоде, ки вуҷуд надоштааст ва мақсаднок пинҳон кардани он чизе бошад, ки ҳақиқат дорад». (С. Кондаков).

Профессор Ямоқова З.Д. таъкид месозад, ки   дар ин маврид роҳи одии ҳалли масъала – санҷиши муқоисавии матн бо хати замони мактабхонии  ҳадафи мавриди таваҷҷуҳ аст. Ин методи муайянкунии айнияти хат ворид гаштан ба моҳияти мавзуъро дар назар дорад, ки метавонад дар ҳар шакл зуҳур ёбад. Ямоқова З.Д. рафъи фосилаи номутобиқатӣ ва зиддиятҳои шаклиро аз рӯйдод то моҳият калиди муаммои сарбаста барои кушодани мушкилоти криминалистӣ мешуморад. Чунин тарзи масъалагузориро дар доираи  «раванди беохири наздикшавии тафаккур ба объект» хотирнишон менамояд: «Инсон бояд бовар кунад, ки чизи номафҳумро метавон мафҳум кард. Вагарна одамизод дар бораи он фикр намекард». (Гёте В. Избраные афоризмы и мысли. –Спб. 1903).

Ҳама гуна ашё хосияти инъикос дорад. Бо ҷузъиёт тақсим кардан ва аз нигоҳи илмӣ омӯхтани онҳо воситаи муҳимми таъмини амалиёти криминалистӣ мебошад. Ямоқова З.Д. дар асари худ ин масъалаҳоро бо маҳорати баланд мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор медиҳад. Аз ҳамин ҷиҳат, истилоҳ ва ибораҳоеро ба кор мебарад, ки барои ворид гаштан ба мавзуъ ҳамчун роҳнамо хизмат мекунанд. Барои мисол, «дуруст иҷро намудани элементҳои графикӣ», «малакаи техникӣ», «ноустувории хатӣ-ҳаракатӣ», «пайвасткунии ҳарфҳо», «зуд иҷро намудани аломатҳову ҳарфҳои хаттӣ», «макони хати майдонҳо», «андозаи  хати сурх ё ҷойгиршавии ҳаракати аввала», «мутобиқати ҳаракат» ва монанди инҳо. 

Бояд хотирнишон кард, ки «инъикос восита ва ҷараёни умумӣ мебошад, ки чӣ тавр ашё ба якдигар таъсир мерасонанд ва ба якдигар посух медиҳанд. Дар ин ҳамкорӣ   хосияти инъикосии предмет ба тарзи муайян дар инъикосшаванда афзалияти инъикоскунӣ дорад». (Живкович Л. Теория социального отражения. –М.: Прогресс. 1969. –С.14).  Татбиқи ин назарияро профессор Ямоқова З.Д. дар тадқиқот, тибқи ифодакунии аломатҳои умумии матн, аз оғоз то ҳадди ниҳоии амал устодона тавсиф мекунад: «Ҳаракате, ки аз тарафи нависанда дар қоғази рост  ба амал меояд, аз рӯйи шакл, самт, майлон, андоза ва суръат тавсиф карда мешавад. Ҳаракате, ки аз тарафи нависанда дар ҳамвории амудӣ иҷро мешавад, дар натиҷа кандашавии асбоби нависанда аз хати қоғаз ба амал меояд, аз тарафи бефосилагии (пайвастагии) он ва  тақсимоти қувваҳо (фишор) таҳлил карда мешавад». (Ямоқова З.Д. Хатшиносии криминалистӣ (воситаи таълимӣ). –Душанбе, 2016. –С.36).  

 Ҳангоми тадқиқи мавзуъҳои шинохти криминалистии хат Ямоқова З.Д. ба масъалаҳои инъикоси ғайриорганикии мавод дар якдигар таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Ҳамзамон, дар вобастагӣ ба предмети тадқиқ,  эҳтимолияти таъсири дигар ашёи ғайриорганикӣ ба маводи омӯзиш низ мадди назар гирифта мешавад. Таъкид мегардад, ки таъсири мутақобилаи зуҳуроти ғайриорганикӣ рафти ташхиси моддаҳои қобили таваҷҷуҳро ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мегардонад. Мулоҳизаҳои Ямоқова З.Д. оид ба методологияи тадқиқи чунин ҳолат ҷанбаҳои муҳимми амалӣ доранд.

         Ҳамин тариқ, профессор Ямоқова Зумрад Дадаҷоновна яке аз поягузорони фанни хатшиносӣ дар илми криминалистикаи тоҷик мебошад. Қимати умри бобаракат ва самарабахши асарҳои илмӣ ва илмӣ – педагогии олими шинохта иборат аз он аст, ки заҳматҳои пажӯҳишии ӯ дар доираи талаботи қонунияти умумӣ оид ба ҳаракати  тафаккур ба роҳу усули дарки воқияти объективӣ сурат гирифтаанд.

         Ямоқова З.Д. мафҳум, истилоҳот, дефинитсияҳои илмӣ, ҳамзамон, мантиқи хатшиносии криминалистиро на дар ҳолати рукуд, шахшудамонда, беҳаракат, балки дар алоқамандӣ бо вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, таҳаввулоти сохти ҷамъиятӣ, равандҳои тараққиёти илму техника, ба ифодаи одӣ, ҳамқадами ҳаёт, ҳамчун падидаи рӯзмарра мебинад.

           Ӯ дар асосҳои илмӣ мекӯшад, ҳарчӣ бештар аз зуҳуроти объекти омӯзиши криминалистӣ ба моҳияти он ворид гардад. Вобаста ба мундариҷаи ҳадафи тадқиқ роҳ, усул ва методҳои озмоишу таҳқиқро муайян созад. Маҷмуи рӯйдодҳоро аз нигоҳи илмӣ таҳлил намояд. Дар доираи манфиатҳои иҷтимоӣ натиҷаи онро мавриди истифода қарор диҳад.

         Матншиносии криминалистӣ муҳимтарин воситаи далелнокӣ ва исботи мавқеи судӣ мебошад. Монографияи профессор Ямоқова З.Д. бо ҷадвал ва диаграммаҳои таҳлили муқоисавии матнҳо пурра гардонида шудааст, ки бидуни шак, барои муайянсозӣ ва тасдиқи фикри айбдоркунӣ ва ё баракс хизмат мекунад. «Илм гуфта хулосаи гурӯҳбандии далелҳоро меноманд, то имкон бидиҳад, дар асоси таҳлили онҳо қонунмандиҳо ва натиҷагириҳо сурат бигиранд». (Дарвин Ч. Автобиография. –М., 1957. –С.85).  

Инсон ҳамон вақт қонеъ мегардад ва адолати судиро эътироф мекунад, агар ҷараёни мурофиавӣ бо  мисолҳои дақиқ ва боварибахш мавқеи қонунро мустаҳкам ва ҳимоя карда тавонад. Эҷодиёти илмии Ямоқова З.Д. маҳз ҳамин ҳадафро пайгирӣ мекунад.

         Боиси хушбахтии донишгоҳ, толибилмон ва муаллимони ҷавон аст, ки шахсияте чун профессор  Ямоқова З.Д. солҳои тӯлонӣ дар ин муассисаи бонуфузи мамлакат ба ҳайси устод шуғл меварзад.

 Истилоҳи муаллим маънии бузург дорад. Калимаи устод муродифи он аст. Аммо устод дараҷаи   олии сифати шахс, бузургтар аз ҳама мафҳумҳост. Одамони огоҳ дар шинохт ва истифодаи ин истилоҳ эҳтиёткор ҳастанд.

Агар муаллим, дар умум, мансубияти шахсро  ба касб дар назар дошта бошад, устод мафҳумест, ки  аз як муаллими одӣ волотар, бо дараҷаи баландтари тахассусмандӣ, бо донишу маърифати олӣ ва гуфтору рафтор аз дигарон афзалтар аст. Дар ботини худ қудрати бузурги омӯзонидани донишу касбият ва беҳтарин сифатҳои маърифату  одамиятро дорад. Гарчанде дар матн, барои худдорӣ кардан аз тавтология, истифодаи синонимии   ифодакунандаи фаъолияти омӯзгорӣ, бо назардошти дараҷаҳои сифатӣ маҳдудият нест.

Профессор Ямоқова З.Д. устоди ҳақиқӣ аст. Донишҳои амиқу ҳаматарафаи илмӣ, таҷрибаи   камназири фаъолияти корӣ, хиради бузурги омӯзгорӣ ва мақсаду мароми олии комгорӣ – хизмат ба илму маърифати Ватан муҳтавои ҳаёти ӯст.    

Ҳангоми лексия, семинарҳо ва дарсҳои амалӣ, шогирдон муътақид  мегарданд, ки Ямоқова З.Д. на танҳо донандаи риштаи матншиносии криминалистӣ ва худи фанни криминалистика аст, балки аз нигоҳи мавзуъ, предмет ва объекти илмӣ фанҳоеро, ба мисли «Ҳуқуқи конститутсионӣ», «Ҳуқуқи ҷиноятӣ», «Ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ», «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ», «Ҳуқуқи гражданӣ», «Ҳуқуқи молиявӣ», «География», «Таърих», «Забоншиносӣ», «Биология», «Химия», методологияи навъҳои гуногуни экспертизаи судӣ, методҳои математикии тадқиқотӣ ва монанди инҳо, ки бо илми хатшиносии криминалистӣ дар муносибати «ҳамсоягӣ ва хешигарӣ» қарор доранд ва бидуни онҳо масъалаҳои касберо, ки профессор Ямоқова З.Д. дарс мегӯяд, омӯзонидан мушкил аст, ба навъи аҳсан медонад. Ва устодона фаҳмонида метавонад. Ӯ бо донишҳои энтсиклопедии худ дили шогирдонро тасхир мекунад, устоди ҳақиқӣ будани  хешро  бо ифтихору сарбаландӣ муаррифӣ ва тасдиқ менамояд.

То замони Истиқлол профессор Ямоқова З.Д. дар гурӯҳҳои русӣ ҳам дарс мегузашт. Ӯ бо сатҳи баланди донистани забони русӣ, тавассути он ба донишҷӯён фаҳмонидани истилоҳ, категория, дефинитсияҳо, қоидаҳо, нозукиҳои гузаронидани мураккабтарин экспертизаҳо дар соҳаи матншиносии судӣ таваҷҷуҳи аудиторияро ба якборагӣ ҷалб мекард. Ва то охири дарс донишҷӯён худро дар иҳотаи санъати баланди омӯзонидани илму маърифат ва касбият медиданд. Муддатҳо зери ин таассурот мемонданд.

Ба эътиқоди мо, муаллимӣ олитарин, бузургтарин, масъулиятноктарин ва ҳамзамон бо ин, мушкилтарин касб  аст. Касби аз одам инсонсозӣ, аз инсон шахсиятсозӣ, аз шахсият таърих ва давлатсозӣ аст. Муаллим муаллиф ва ҳимоятгари сохти давлатдории миллӣ мебошад. Давлатмардон, сиёсатмадорон, олимон, нависандагон, лашкаркашони бузург, мутахассисон, ватандӯстон,  инсонҳои неки меҳнатӣ дар худ як навъ намунаи руҳи қавӣ, хотирмон, ва барандаи намунаҳои шахсияти муаллимони худ мебошанд.

Дараҷаи устодӣ дониш, маърифат ва заҳмати  бузургро тақозо мекунад. Профессор Ямоқова Зумрад Дадаҷоновна аз зумраи ҳамин шахсиятҳои соҳибмактаби риштаи ҳуқуқшиносии таҳсилоти олии ҷумҳурӣ аст.

Нафароне, ки худро ба сифати мутахассис   муаррифӣ менамоянд, кам нестанд. Ва онҳо дар ин тасаввурот ва банди хаёлот умри азиз сарф мекунанд.

 Соҳибкасб ва соҳибунвонҳо зиёданд. Мутаассифона, онҳое, ки аслияти касбӣ, ҳувияти шахсӣ ва тахассусмандии аз ҷониби дигарон эътирофгашта ва инъикоси маънавиашон дар ҷомеа муассир бошад,  ангуштшуморанд.

Гегел мефармояд: «Ҳар инсон ангушт дорад. Метавонад дар ихтиёраш қалами наққошӣ ва рангу бор дошта бошад. Аммо ин чиз ӯро рассом карда наметавонад. Айнан, ҳамин вазъ ба фаъолияти тафаккур дахл дорад. Фақат тафаккури дуруст, дониш ва дарки воқеии предмет аст. Ва барои ҳамин донистанҳои мо бояд илмӣ бошад».  (Гегель Г.В.Ф. Сочинения. Т. 1-14. –М-Л., 1929. –С.124).

Ҳаёти профессор Ямоқова З.Д. ба ҳамин дарк, бо ҳамин тафаккур ва арзиши зиндагӣ мутаносиб аст. Ба ҳамин ҷабҳаи пурифтихор бахшида шудааст.

С.Ятимов, профессор

Бознашр аз маҷаллаи «Илм ва ҷомеа», №2 (29), соли 2022

Related Articles

Leave a Comment