Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТЕРРОРИСТ ВАТАН НАДОРАД

ТЕРРОРИСТ ВАТАН НАДОРАД

by admin
224 views
Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум бо ҳам пайваст мебошанд.
Бояд тазакур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъияти ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳисиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.
Ёдрас намудан ба маврид аст, ки амалҳои террористӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 179 ва 180 бандубаст карда шудааст.Густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористиву ифротгароён рӯз ба рӯз характери фаромиллӣ ва глобалӣ ба худ касб намуда, хатари бузурге ба амнияти давлату миллатҳо оварда истодааст. Ин равандҳои номатлуб боиси ҷангу низоъҳои мазҳабӣ , шаҳрвандӣ ва байнидавлатӣ гардида, таҳлилҳои беамоне дар муқобили истиқлолияту ваҳдати миллатҳо менамояд. Чунин муносибат, бешак, таъсири манфии худро ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра расонда, боиси бехонаву дар, Ватан-Модар, оилаву фарзанд, коштани тухми кинаву адоват байни дину мазҳабҳо ва халқу давлатҳо шудааст.
Ҳақ ба ҷониби Пешвои дурандешу нуқтасанҷи миллат аст, ки борҳо дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳангоми баромадҳояшон ба ин «Вабои аср» ишоратҳо намуда, мегӯяд: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдидие ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».Воқеан, ин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳтати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байёнгари он аст, ки терроризм ва экстремизм ҳеҷ иртиботе ба дину оинҳои исломӣ ва арзишҳои умумишиносӣ надоранд. Онҳо зери шиорҳои «бозгашт ба салаф» байни мардум нофаҳмиву иғворо ба вуҷӯд меоранд. Мутаассифона, афзоишёбии гурӯҳҳои ифротгаро ба амният ва фазои суботу Ватани азизи мо низ бетаъсир намонда, бо ҳар роҳу восита фазои осоиштаи ҷомеаро халалдор месозад. Дар солҳои аввали истиқлолият баъзе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ тавассути ваъдаҳои бардурӯғ хостори ғасби ҳокимият шуда, сабаби куштори ҳазорон шахсони бегуноҳ,бадбахту мусибатзада шудани оилаҳо гардиданд. Мутаасифона,дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷидӣ эҷод намуда истодааст.
Агар солҳои 90-уми асри хх ин гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз камиттилоотии мардум истифода бурда бошанд, имрӯз тавассути тарғиби идеологияҳои махсуси динӣ ва ваъдаҳои пулию молӣ ашхоси аз дину илм бехабарро ба доми худ мекашанд. Яке аз сабабҳои асосие, ки шахс ва ё ҷомеаву давлат ва миллатро ба вартаи нобудӣ рӯ ба рӯ месозад, ин камсаводиву тангназарӣ пайравии кӯркӯрона ба ҳар гуна идеология ва таълимоти иртиҷоӣ мебошад. Хело ба маврид аст, ки суханҳои ҳакимонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин масъала баён намоем,ки эшон зикр намудаанд: «Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд…мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ , таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо ва ин зуҳурот номатлуб метавонанд пояҳои давлатро низ заиф гардонанд».
Ин гуфтаҳои Пешвои миллат баёнгари он мебошад, ки хатару таҳдидҳои терроризм таъсири манфи худро ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мерасонанд ва чунин амалҳо метавонанд шахсро ба анҷом додани ҳама гуна амалҳои номатлуб равона созанд. Мо тоҷикон нисбат ба манфиати имрӯзу фардои давлати тозаистиқлол бетараф набуда, дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, дар радифи бузургтарин арзишҳои башарӣ сулҳу субот, адлу инсоф ва ҳуқуқу озодии инсонро гузошта, бунёдкорию созандагиро шиори зиндагии хеш қарор диҳем, маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва динии ҷавононро баланд бардорем ва зиндагии шоистаро ба онҳо мерос гузорем, пас мо метавонем бар зидди чунин падидаҳои номатлуб истодагарӣ намоем ва ҷомеаи солиму ояндадорро созем. Танҳо иттиҳоду иттифоқ, сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ моро ба ин мақсад мерасонад. Аз ин рӯ, дастаҷамона бар зиди зуҳуроти терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон бурдан зарур аст. Дар чунин шароит Тоҷикистон дар ҳудуди кишвар ва ҷаҳон ташкил додани системаи муассири мубориза бар зидди экстремизмро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад.
Шарифова ҲАНИФАМОҲ, ассисенти кафедраи химия ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment