Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд. Солҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯи, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави «Ҷанги сард» боиси нигарони гардидааст. Қувват ва густаришёбии ин «Вабои аср» боиси аз байнравии истиқлолияти давлатҳо, ваҳдату дӯстӣ, косташавии фарҳангҳо, муносибатҳои дипломатӣ шудааст. Ҷаҳони муосир, ки дар давраи рушд ва навовариҳои илмию техникӣ қарор дорад, аз ҳар шахс зиракиву ҳушёрӣ ва дурандешию таффакури амиқро талаб менамояд. Ҳақ ба ҷониби Пешвои дурандешу нуқтасанҷи миллат аст, ки борҳо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳангоми баромадҳояшон ба ин «Вабои аср» ишораҳо намуда мегӯянд: «Терроризм ва экстремизм, аз ин ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надоранд балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористиву ифротгароён рӯз ба рӯз характери фаромиллӣ ва глобалӣ ба худ касб намуда, хатари бузурге ба амнияти давлату миллатҳо оварда истодааст. Ин равандҳои номатлуб боиси ҷангу ниёзҳои мазҳабӣ, шаҳрвандӣ ва байнидавлатӣ гардида, таҳлилҳои беамоне дар муқобили истиқлолияту ваҳдати миллатҳо менамояд. Чунин муносибат, бешак, таъсири манфии худро ба ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра расонда, боиси бехонаву дар, Ватан, Модар, оилаву фарзанд, коштани тухми кинаву адолат байни дину мазҳабҳо аз халқу давлатҳо шудааст. Воқеан, ин гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баёнгари он аст, ки терроризм ва экстремизм ҳеҷ иртиботе ба дину оинҳои исломӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ надоранд. Онҳо зери шиорҳои «Бозгашт ба салаф» байни мардум нофаҳмиву иғворо ба вуҷуд меоранд. Мутаасифона, афзоишёбии гурӯҳҳои ифротгаро ба амният ва фазои сулҳу суботи Ватани азизи мо низ беътасир намонда, бо ҳар роҳу восита фазои осоиштаи ҷомеаро халалдор месозанд. Низоми ҷаҳони муосир дар ҳоле қарор дорад, ки манофеи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию геополитикӣ дар ҳоли бархӯрд ва маҳви якдигар қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ ва ҷойгиршавиаш дар минтақа байни бархӯрди манофеи абарқудратҳо қарор дорад. Чунин ҷойгиршавӣ имкон дорад барои манфиатҳои ҳамчун восита истифода шавад. Ин воситаҳо метавонанд хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, бахусус идеологӣ-динӣ-ифротгароӣ, дошта бошанд. Дар солҳои аввали истиқлолият баъзе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ тавассути ваъдаҳои бардурӯғ хостори ғасби ҳокимият шуда, сабаби куштори ҳазорон шахсони бегуноҳ, бадбахту мусибатзада шудани оилаҳо гардиданд.
Агар солҳои 90-уми асири ХХ ин гурӯҳҳои манфиатҷӯ аз камиттилоотии мардум истифода бурда бошанд имрӯз тавассути тарғиби идеологияҳои махсуси динӣ ва ваъдаҳои пулию молӣ ашхоси аз дину илм бехабарро ба доми худ мекашанд. Яке аз сабабҳои асосие, ки шахс ва ё ҷомеаву давлат ва миллатро ба вартаи нобудӣ рӯ ба рӯ месозад, ин камсаводиву тангравӣ ва пайравии кӯркӯрона ба ҳар гуна идеология ва таълимоти иртиҷоӣ мебошад. Хело ба маврид аст, ки суханҳои ҳакимонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба ин масъала баён намоем, ки эшон зикр намуданд: «Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополотикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, мо хуб дарк мекунем. ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулҳу субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо ва ин зуҳуроти номатлуб метавонанд пояҳои давлатро низ заиф гардонанд». Роҳбари давлат муттаҳид шуда, дар радифи бузургтарин арзишҳои башарӣ сулҳу субот, адлу инсоф ва ҳуқуқу озодии инсонро гузошта, бунёдкорию созандагиро шиори зиндагии хеш қарор диҳем, маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва динии ҷавононро баланд бардорем ва зиндагии шоистаро ба онҳо мерос гузорем, пас мо метавонем бар зидди чунин падидаҳои номатлуб истодагарӣ намоем ва ҷомеаи солиму ояндадорро созем. Танҳо иттиҳоду иттифоқ, сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ моро ба ин мақсад мерасонад. Имрӯз ҳар як фарди тоҷик ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми неруву малакаи худро ободу зебо гардонидани як гушаи Ватани азиз сарф намуда истодааст. Ин гуфтаҳои Пешвои миллат баёнгари он мебошанд, ки хатару таҳдидҳои терроризм таъсири манфии худро ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мерасонанд ва даст задан ба чунин амалҳо метавонад шахсро ба анҷом додани ҳама гуна амалҳои номатлуб равона созад. Аз ин рӯ, дастаҷамъона бар зидди зуҳуроти терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон бурдан зарур аст.
Бибинисо АКБАРОВА, ассистенти кафедраи химия ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ