Home ХАБАР СУХАНРОНИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ПЕДАГОГӢ, ПРОФЕССОР, МИРАЛИЗОДА АБДУСАЛОМ МУСТАФО ДАР ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

СУХАНРОНИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ПЕДАГОГӢ, ПРОФЕССОР, МИРАЛИЗОДА АБДУСАЛОМ МУСТАФО ДАР ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

by admin
233 views
Қобили қайд аст, ки имрӯзҳо бо ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат ҳама соҳаҳои хоҷагии мамлакат мунтазам рушд карда истодаанд.
Соли 4-ум аст, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат як қатор озмунҳо ва чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ дар сатҳи хело баланд ташкил ва баргузор карда мешаванд.
Соли равон низ дар асоси амрҳои дахлдори сарвари давлат бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, миёни қишрҳои гуногуни аҳолии кишвар аз 3 феврали соли 2022 таҳти рақами №АП-156 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд аз 3 феврали соли 2022 №АП-154 озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот аз 3 феврали соли 2022 №РП-155 озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» роҳандозӣ мегарданд.
Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ин ташаббусҳои Пешвои миллат самараи амалии хешро ба бор оварда, дар самтҳои гуногуни зикргардида садҳо чеҳраҳои нав, мутахассисон, сарояндагону оҳангсозони ҷавон интихоб ва тарбия ёфта истодаанд.
Ташкили озмунҳои болозикр идомаи корҳои Сарвари давлатамон дар самти дастгирӣ, дарёфт ва тарбияи ҷавонони соҳибистеъдод мебошад.
Ба ҳамагон маълум аст, ҳамасола дар мамлакатамон озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илмӣ-техникӣ», олимпиадаҳои фаннӣ миёни хонандагон ва донишҷӯён, озмунҳо барои соҳиб гардидан ба стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиб гардидан ба стипендияи «Дурахшандагон», Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, Ҷоизаи Президенти мамлакат дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва даҳҳо намуд чунин озмуну ҷоизаҳои соҳавӣ бо дастгирии Пешвои миллат баргузор мегардад.
Дар соли 2022 дар асоси Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкил ва баргузории озмунҳои
— «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 3 045 000
(се миллиону чилу панҷ ҳазор) сомонӣ;
— «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», 2 540 000
(ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомонӣ
— «Илм-фурӯғи маърифат»- 2 345 000
(ду миллиону сесаду чилу панҷ ҳазор) сомонӣ,
дар маҷмуъ 7 930 000 (ҳафт миллиону нуҳсаду си ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин аз дастгириҳои бевоситаи сарвари давлатамон шаҳодат медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи панҷ номинатсия:
— адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;
— адабиёти классикӣ;
— адабиёти муосир;
— адабиёти ҷаҳон;
— эҷоди назму наср баргузор мегардад.
Қобили қайд аст, ки соли 2020 саромӯзгори кафедраи менеҷмент ва маркетинги донишгоҳи мо шодравон Қурбонов Хуршед дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”аз рӯи номинатсияи адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойи аввал гардид.
Ҳамзамон, соли 2021 донишҷӯи курси сеюми факултети химия, биология ва географияи донишгоҳ Саймақсуди Ҳаёт дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияи география ҷойи аввалро соҳиб шуд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2021 4 нафар донишҷӯи донишгоҳ дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.
Имсол низ дар даври факултетии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» беш аз 218 нафар донишҷӯёну омӯзгорон ширкат варзиданд, ки аз шумори мазкур ба даври донишгоҳӣ 33 нафар роҳхат гирифтанд.
Дар даври донишгоҳӣ беҳтаринҳо ба даври шаҳрӣ пешниҳод карда мешаванд.
Ба ҳамаи Шумо иштирокчиёни азиз ҷиҳати иштирок дар озмун барору комёбӣ таманно менамоям.
Саломату сарбаланд бошед!

Related Articles

Leave a Comment