Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

by admin
212 views
Боиси шодмонӣ ва шукргузорист, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард.
Бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму ирфон рӯз ба рӯз рушд намуда истодааст.
Дар такя ба ин андеша, месазад зикр намуд, ки Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии кишвар пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Далели равшани гуфтаҳои боло ин дар иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба шумор меравад. Ба шарофати Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо дар саросари мамлакат китобхонаҳои замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки танҳо ва танҳо барои дурахшон сохтани фардои мо — насли наврасу ҷавон мебошад. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷумлаи чунин иқдомҳои созанда аст, ки бо мақсади афзун гаштани дониши ҷавонон эълон гардидааст.
Ҳадафи асосии баргузории чунин озмунҳо ин пеш аз ҳама баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва баландгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар мебошад.
Аз ин рӯ, имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври донишгоҳии озмуни мазкур баргузор гардид, ки дар он ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо, ноибони ректор ва деканону мудирони кафедраҳои донишгоҳ иштирок доштанд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ оғоз намуданд. Сипас, Рафиев Сафархон, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия баромад намуда, ба кори озмун барору комёбиҳо таманно намуданд.
Дар озмун зиёда аз 37 нафар донишҷӯ аз ҳамаи факултаҳои донишгоҳ аз рӯи панҷ номинатсия: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср ширкат намуданд.
Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ миёни аҳолии кишвар доир мегардад.
Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавии зиндагии paнгинpo наметавон тасаввур намуд. Ба таъбири халқ: «Хонаи бекитоб рӯзи беофтоб» аст. Хушбахтона, ин анъанаи некӣ гузаштагон, яьне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад.

Related Articles

Leave a Comment