Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаю маҳорати аҳолии мамлакат имрӯзҳо дар саросари кишвар як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудаанд, ки яке аз онҳо ин озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ба шумор меравад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ҳамасола баргузор карда мешавад.
Озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.
Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия: номинатсияи математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва дар чор давр баргузор мегардад.
Бо ин мақсад имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври донишгоҳии озмуни мазкур баргузор гардид. Дар озмун Рафиев Сафархон, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, Замариддинова Зайнаб, сардори раёсати илм ва инноватсия, мудирони кафедраҳои донишгоҳ ва ҳайати иштирокчиёни озмун ширкат варзиданд. Нахуст сухани ифтитоҳии озмунро дотсент Рафиев Сафархон оғоз намуданд. Сипас, кор дар сексияҳо идома ёфт. Дар озмун зиёда аз 34 нафар донишҷӯ аз рӯи 6 номинатсия ширкат варзида, аз ин шумора 25 нафарашон ба даври минбаъдаи озмун роҳ ёфтанд.
Бояд қайд кард, ки ғолибони даври чорум ва барандаи Шоҳҷоиза, баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ, бе озмун, ба тариқи ройгон, ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибони давраи чоруми озмун ва барандаи Шоҳҷоизаро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррарот муайян менамояд.