Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РӮЗНОМАНИГОРИ ҶАВОН”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РӮЗНОМАНИГОРИ ҶАВОН”

by admin
150 views
Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор маҳфилҳои илмӣ-амалӣ фаъолият менамоянд.
Яке аз чунин маҳфилҳо ин маҳфили “Рӯзноманигори ҷавон”-и назди кафедраи журналистикаи факултаи филологияи тоҷик ва журналистика ба ҳисоб рафта, имрӯз дар назди кафедра маҳфили навбатии он баргузор гардид.
Дар маҳфил Алишери Абдулмаҷид, мудири кафедраи журналистика, Муродов Ҷамил, ҷонишини декан оид ба таълими факулта Муслимов Исмоил роҳбари маҳфили мазкур ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро роҳбари маҳфил Муслимов Исмоил оғоз намуданд. Сипас, Нурова Гулноза, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзуи “Ҷомеаи иттилоотӣ ва инқилобҳои иттилоотӣ” баромад намуд. Зимни баромадашон қайд карданд, ки “Ҳануз дар ибтидои тамаддун низ инсон дорои як миқдор донишҳои оддӣ, вале кифояи муҳити атрофи худ ва малакаҳои аввалини идоракунии объектҳои он будааст. Инқилобҳои иттилоотӣ ҷомеаро ба сатҳи болотари инкишоф бароварда, онро фарогири сифатҳои нав мегардонанд. Инқилобҳо муайянгари давраҳои таҳавуллоти таърихи ҷаҳонӣ мебошанд. Пас аз инқилобҳои иттилоотӣ марҳалаҳои нави рушди тамаддуни башар оғоз меёбад. Технологияҳои нав рӯйи кор омада, бо суръати баланд тараққӣ мекунанд ва моҳияти ҳаёти ҷамъиятиро куллан тағйир медиҳанд.”
Бояд қайд кард, ки маҳфили “Рӯзноманигори ҷавон” яке аз беҳтарин маҳфилҳои донишгоҳ ба ҳисоб рафта моҳе ду маротиба бо шунидани ду маърӯза баргузор мегардад. Дар маҳфил ба ғайр аз омӯзгорони донишгоҳ инчунин, журналистони шинохтаи минтақаи Кӯлоб низ ширкат меварзанд.

Related Articles

Leave a Comment