Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардида буд.
Аз ин хотир имрӯз дар кафедраи таҳсилоти ибтидоии факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020 -2040) конфронси илмӣ- назарявии донишгоҳӣ дар мавзуи “Тарзҳои фаъолгардонии хонандагон дар ҷараёни таълими фанни математикаи синфҳои ибтидоӣ” гузаронида шуд.
Дар конфронс Шералиева Садбарг, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ, Изатуллоев Куган, дотсент, Акбарова Маҳрамбӣ, номзади илмҳои педагогӣ, Давлатов Турхун, саромӯзгори кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро мудири кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ Шералиева Садбарг оғоз намуда, қайд карданд, ки “Мо бояд баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифаҳои дар ҷараёни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида, хусусан, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир, сатҳи азхудкунии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон саъю талош намуда, бо ин роҳ баҳри пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссаи муассир гузошта бошем.” Сипас дотсент Изатуллоев Куган дар мавзуи “Нақши зарби шифоҳии ададҳои дурақама ба дурақама ҷиҳати фаъолгардонии хонандагони хурдсол ба омӯзиши фанҳои риёзӣ”, Акбарова Маҳрамбӣ, номзади илмҳои педагогӣ дар мавзуи “Татбиқу омӯзиши технологияи иттилоотӣ-иртиботӣ омили асосии рушди зеҳни хонандагон”, Давлатов Турхун, саромӯзгори кафедра дар мавзуи “Шаклҳои анъанавӣ ва муосири баҳисобгирии дониши хонандагон”, Гулматов Мадалӣ, саромӯзгорӣ кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ дар мавзуи “Баъзе масъалаҳои шавқовари мамематикӣ. Бози бо гугирдчӯбҳо” ва Абдуллоев Диловар, ассистенти кафедра дар мавзуи “Тарзҳои муҳокимарониҳои мантиқӣ баромад намуданд.
Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва музокираҳои омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.