Дар воқеъ тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҳама вақт барои инсон аҳамияти муҳим дошта, яке аз омилҳои асосии тандурустӣ ва ташаккули шахсияти ҷисман ва рӯҳан солим ба шумор меравад.

Дар дарс Зулфиев Гадомад, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, Нурматов Шарофиддин, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он, Саидов Парвин, саромӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи он, Набиев Ризвон ассистенти кафедра ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст дарсро саромӯзгори кафедра Фозилов Субҳон оғоз намуда, дар бораи, моҳияти бозии баскетбол ва усулҳои ба ҳалқа андохтани тубро дар бозии баскетбол ба донишҷӯён фаҳмониданд. Сипас аз тарафи донишҷӯёни факулта як бозии баскетбол, ки ном гирифта буд Моку гузаронида шуд.