Home ХАБАР ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ДАР ФАКУЛТЕТ

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ДАР ФАКУЛТЕТ

by admin
217 views
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ қайд карданд, омӯзиши забонҳои англисиву русӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа дорад.
Дар ҷаҳони техникаву технология имрӯз забонҳои англисӣ ва русӣ ҳамчун забонҳои ҳукмрон маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, бо мақсади омӯзиши забонҳои хориҷӣ, сайқал додани қобилияти сухандониву суханронӣ ва васеъ гардонидани доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии донишҷӯён, дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ озмуни фаннии забони англисӣ баргузор гардид. Бо қайд кард, ки озмун ҷиҳати амалии «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба роҳ монда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки озмун дар ду давр гузаронида шуд. Даври аввал диктант ва даври дувум тестро ташкил медод.
Ҳангоми ҷамъбаст ҷойи якум насиби Зарипова Муниса, донишҷӯи соли сеюми факулта, ҷойи дуюм насиби Одинаева Мавзуна ва Тураева Мавзуна, донишҷӯёни соли сеюми факулта, ва ҷойи сеюм насиби Эмомзода Дилрабо, Парпишоева Умринисо ва Азимҷони Қурбон гардиданд ва аз ҷониби садорати факулта бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир Қурбонов Кароматулло декани факултети мазкур суханронӣ намуда, зикр карданд, ки имрӯз омӯхтани забонҳои хориҷӣ дар замони муосир хеле муҳим буда, барои дастрас ва аз худкунии маълумоти зарурӣ оид ба самтҳои мухталиф, аз ҷумла илму фарҳанг, тартиби самаранок истифодабарии техникаву таҷҳизотҳои навин ва бартараф кардани ягон нофаҳмоӣ дар раванди фаъолияти корӣ барои ҳар як шахс бисёр ҳам қулай ва муфид мебошанд.

Related Articles

Leave a Comment