
Сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Мирализода Абдусалом Мустафо оғоз намуда, зимни баромадашон қайд намуданд, ки “Раёсати донишгоҳ, коллективи омӯзгорону кормандон фаъолияти хешро маҳз дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илм ба роҳ монда, дар соли сипаригашта ба як қатор дастовардҳои таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ ноил гардиданд. Дар 35 кафедраи амалкунандаи донишгоҳ аз рӯи 18 равия, 25 проблема ва 28 мавзуъ омӯзгорон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буда, ҳамасола ба табъу нашр ва таҳияи рисолаву монография ва китобҳои илмию таълимӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Дар соли 2021 аз 558 нафар ҳайати омӯзгорон 508 нафарашон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буданд, ки ин ба 91,3%-и теъдоди омӯзгорони донишгоҳ баробар аст ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1% зиёд мебошад”.
Дар охир ба омӯзгорону донишҷӯёне ки дар конфронс фаъолона ширкат варзиданд аз ҷониби садорати донишгоҳ бо ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.