Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “АДАБИЁТШИНОС ”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “АДАБИЁТШИНОС ”

by admin
174 views
Имрӯз дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Адабиётшинос”-и назди кафедраи адабиёти тоҷик баргузор гардид.

Дар маҳфил Холиқова Зайналбӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, Ашурова Нодира, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедра, Холова Ғалатӣ, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия, Назиров Мадалӣ, ассистенти кафедра ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал мудири кафедра Холиқова Зайналбӣ суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Гавҳарбии Саймаҳмуд, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дар мавзуи “ Тасвири симои шоҳи армонӣ дар шеъри Рӯдакӣ” ва Зулфираи Сайвалӣ, донишҷӯи курси чоруми факулта дар мавзуи “Тасвири бадеӣ ва корбурди санъатҳои адабӣ дар ашъори Аминҷон Шукӯҳӣ ” суханронӣ намуда, қайд карданд, ки “Аминҷон Шукӯҳӣ шоир, нависанда, тарҷумон ва драманависи машҳури тоҷик ба ҳисоб меравад. Аввалин маҷмӯаи шеърҳояш «Суруди чашмасор» соли 1948 чоп шудааст, ки аз эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ошиқонаи шоири навқалам дарак медоданд. Ҳамин хусусиятҳо дар ашъори маҷмӯаҳои «Ватани сулҳ» , «Рӯзҳои мо», «Садои дил», достони «Кӯчабоғи ошиқон», силсилаи шеърҳои «Муҳаббат ва оила», «Нафаси гарм» боз ҳам тақвият ёфта, шуҳрату маҳбубияти муаллифашонро дар миёни мардуму аҳли қалам баланд бардоштааст.
Дар анҷом атрофи мавзӯи мазкур саволу ҷавоб доир гардид, ки дар он қариб ҳамаи иштирокчиён фаъолона ширкат варзиданд.

Related Articles

Leave a Comment