Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
170 views
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз санаи 11. 04.2022 то 16.04.2022 ҳафтаи илм эълон карда шуд.
Аз ин рӯ имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба натиҷагии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” (солҳои 2022-2040) баргузор гардид.
Дар конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо, муовини ректор оид ба таълим Холиқзода Айниддин, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Шарофат Худойдодова, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ғафор Сатор ва дигарон ширкат варзиданд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо оғоз намуда, қайд карданд, ки “Таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф, дастуру супоришҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи навбатии рушди давлатдории миллӣ, бо назардошти истиқболи шоиста аз 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, бунёди ояндаи дурахшон барои наслҳои оянда, дар назди мо аҳли илму маориф вазифаҳои мушаххас гузоштаанд. Моро зарур аст, ки фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотиро бо масъулияту садоқати бештар ва синасӯзона ба роҳ монда, вазифаи асосии хеш – омодасозии мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат ва таъминкунандагони рушди устувори кишварро сарбаландона иҷро намоем”.
Сипас Ғаниев Табаралӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи идоракунии захирањои инсонии Донишгоњи миллии Тоҷикистон, дар мавзуи “Таълимоти бефосилаи касбии электронӣ ҳамчун равиши саноатикунонии мамлакат”, Ғафор Сатор, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, дар мавзуи “Нақши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар саноатикунонии кишвар”, Қурбонзода Умеда, номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калони кафедраи илмҳои компютерӣ, дар мавзуи “Беҳдошти рақамӣ ва аҳамияти он дар замони муосир”, Саидова Нилуфар, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ, дар мавзуи “Тамоюлҳои инноватсионӣ ва усулҳои муосири таълими забони англисӣ”, Саймақсуди ҳаёт, донишҷӯи курси сеюми факултети химия, биология ва география дар мавзуи “Имкониятҳои истифодабарии оқилонаи захираҳои обии минтақаи Кӯлоб” баромад намуданд.
Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва музокираҳои профессорону омӯзгорон ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment