
Дар дарс Тоиров Шермуҳаммад, саромӯзгори кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон, Сайдалиева Сарварбӣ, муаллими калони кафедраи мазкур ва дигар устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст дарсро муаллима Алиева Бахтинисо оғоз намуданд. Ҳангоми рафти дарс, ки амалӣ буд муаллима доир ба боби феъл суханронӣ карда қайд карданд, ки “Феъл-ҳиссаи мустақили нутқ мебошад, ки амал ва ҳолату вазъиятро ҳамчун амал мефаҳмонад. Ҳамаи шаклҳои феълӣ ба ду гурӯҳи калон ҷудо мешаванд. Гурӯҳи якум феълҳои тасрифӣ ва гурӯҳи дуюм шаклҳои тасрифнашавандаи феъл ном доранд ва боби феъл дар забон аз ҳама боби мушкил ба ҳисоб меравад.”
Инчунин ҳангоми дарс муаллима ба донишҷӯён саволҳо дода, донишҷӯён ба суолҳои додаи муаллима посухҳои мушаххас гардониданд. Дар охир Тоиров Шермуҳаммад, саромӯзгори кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон суханронӣ намуда, дарси муаллимаро хуб баҳогузорӣ намуданд.