
Дар ин баробар санаи 12-уми апрели соли равон дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври факултавии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-ватани азизи ман» баргузор гардид.
Дар озмун Расулова Лутфия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факулта, Ҳакимов Абдуразоқ, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ, Наврӯз Носирӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, Мирзоев Тоҳир, ҷонишини декан оид ба тарбия ва донишҷӯён ширкат доштанд.
Дар озмун 10- нафар донишҷӯ аз рӯи 2 номинатсия: номинатсияи сарояндагӣ ва навозандагӣ ширкат варзиданд, ки аз онҳо 4-нафарашон ба даври донишгоҳии озмун роҳ ёфтанд.
Бояд қайд кард, ки ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун бо шоҳҷоиза, диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Инчунин ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо мекунанд.