Имрӯз дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Соҳибкор”-и кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ баргузор гардид.

Сараввал роҳбари маҳфил Нуралиева Миҷгона суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Сафолов Аминҷон, донишҷӯи курси дуюми факултаи иқтисод ва идора дар мавзӯи “ Банақшагирии фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагидории корхонаҳо” ва Наимзода Мансур, донишҷӯи курси чоруми факултаи иқтисод ва идора дар мавзӯи “Нақши фаъолияти корхонаҳо дар шароити муосир” суханронӣ намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устдону омӯзгорон ба анҷом расид.