Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ХИМИЯ ДАР ҲАЁТИ МО

ХИМИЯ ДАР ҲАЁТИ МО

by admin
925 views

Мо дар ҳаёти худ бо маводи доруворӣ, иловаҳои ғизоӣ ва маводҳои химияи маишӣ (маводи шӯянда, маводи мубориза ба муқобили хашаротҳо ва ғайра) сарукор дорем.

Новобаста аз он ки ин ашё ба талаботи рӯзмараи мо табдил ёфтаанд, ҳангоми истифода аз онҳо бисёр эҳтиёт шудан лозим аст, зеро ҳатто моддаи химиявии муфид дар натиљаи истифодаи нодуруст ба саломатии инсон зарар оварданаш мумкин аст. Ба ин мисол овардан мумкин аст иловаҳои ғизоӣ.

Дар солҳои охир як теъдод моддаҳои химиявӣ ба сифати иловаҳои ғизоие истифода бурда мешавад, ки онҳо мазза ва ранги ғизоро беҳтар ва муҳлати истифодаи онро дарозтар мекунанд. Қайд намудан лозим аст, ки намак, шакар ва дигар намуди адвияҳо ба иловаҳои ғизоии табиӣ мансубанд. Ба иловаҳои ғизоии серистифодашаванда инҳо дохил мешаванд: куркума, заъфарон, крахмалҳои тағйирёфта, ванилин, хушбӯйкунандаҳо ва ғайра. Бояд дар хотир дошт, ки як қисми ин иловаҳои ғизоии дорои хосияти дараљаи хатарнокӣ ва таъсири зараровар мебошанд ва аз ин сабаб ҳангоми харидории маводи ғизоии ба иловаҳои ғизоии он эътибор додан лозим аст. Имрӯз бозори ватанӣ бо маҳсулоти ғизоии хориҷӣ пур карда шудааст. Ин маводи ғизоии дорои иловаҳои ғизоии гуногун мебошанд, ки на ҳамаи онҳо дорои сифатҳои зарурӣ ва безараранд.

Нилуфар МАҚСУДОВА, донишҷӯи соли 5-уми факултаи химия, биология ва география

Related Articles

Leave a Comment