Home ХАБАР СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ДОНИШГОҲӢ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ДОНИШГОҲӢ

by admin
304 views
Дар системаи таҳсилоти олии касбӣ, бешубҳа, ҳадафи омӯзиши забон на танҳо аз худ кардани дониш, тавоноӣ ва малака, балки мусоидат ба ташаккули донишҷӯён барои истифодаи забони хориҷӣ на танҳо дар муколамаи фарҳангҳо, инчунин ин воситаи муоширати илмии касбӣ мебошад.
Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик имрӯз бо ташаббуси кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявии донишгоҳӣ дар мавзуи “Ҳадаф ва моҳияти (Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030)” баргузор гардид.
Дар семинар Самариддинова Зайнаб, номзади илмҳои педагогӣ, сардори раёсати илм ва инноватсия, Қурбонов Кароматулло, декани факултети филологияи хориҷӣ, Давлатов Файзиддин, мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, Холова Ғалатӣ, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро мудири кафедра Давлатов Файзиддин оғоз намуд. Сипас, Давлатов Наҷмуддин, номзади илмҳои педагогӣ дар мавзуи “Омӯзиши хусусиятҳои муқоисавии сифат ҳангоми таълими забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ”, Ҳусайнова Фарида, муаллими калони кафедра дар мавзуи “Вижагиҳои семантикӣ ва грамматикии категорияи шахсу шумораи феъл дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ”, Ҷамолбии Ҳабибулло дар мавзуи “Методҳои фаъоли таълими забони хориҷӣ дар синфҳои болоии МТМУ” ва Робияи Абдусамад дар мавзуи “Усулҳои асосии калимасозӣ дар мисоли истилоҳоти китобдорӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ” суханронӣ намуданд.
Имконияти баромад ба арсаи байналмилалӣ бо намояндагони забонҳои дигар зарурати муоширати озодро бо намояндагони фарҳангҳои дигар пешбинӣ мекунад. Аз ин бармеояд, ки дар шароити муосир таълими забони хориҷӣ бояд ба ташаккул ва рушди салоҳияти коммуникатсионии забони хориҷӣ асос ёбад.

Related Articles

Leave a Comment