Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ НАЗАРПУРСӢ ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР

НАЗАРПУРСӢ ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР

by admin
397 views

Авазбеков Анварбек, донишҷӯи соли 4-уми факултети филологияи  тоҷик ва журналистика

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» масъулият ва вазифаи асосии волидонро дар таълиму тарбияи фарзанд ба таври мушахас муайян намуда, барои мустаҳкам гирдидани робитаи оила, муассисаи таълимӣ ва аҳли ҷомеа  заминаҳои хуби ҳуқуқиро  фароҳам овард. Волидонро лозим аст, ки ҳар як амали фарзандашонро зери назорат бигиранд. Бинобар ин, падару модар дар тарбияи фарзанд баробар саҳм гузошта, аз рӯзҳои аввал барои ба воя расонидани инсони сазовори ҷомеа кӯшиш кунанд.

Тарбия замоне муассир ва  муваффақ  хоҳад буд, ки шахсият ва хусусияти психологии кӯдак хуб омӯхта шавад. Мушкилоти асосии тарбияи кӯдак ин ҳиссиёти табиӣ ё нафсонии вай аст, ки ба тарбияи иҷтимоӣ-ахлоқӣ монеъ мешавад. Волидон, тарбиядиҳандагон ба инкишофи ҳаматарафаи кӯдакон бояд  диққати ҷиддӣ бидиҳанд. Таълим ва тарбияи кӯдак ҳеҷ гоҳ барвақт нест. Маълум аст, ки  дар тарбияи кӯдак модар нисбат ба падар имконияти бештар дорад.  Танҳо модар метавонад аз рӯзҳои нахустин тифлро ором кунад, зеро оҳанги рӯҳи модар бо оҳанги рӯҳи навзод ҳамвазн аст. Падар дар ин айёми зиндагӣ метавонад танҳо ба модар ёрӣ расонад. Баъдтар дар зиндагии кӯдак замоне фаро мерасад, ки ба таъсиру нуфузи падар ниёз ба миён меояд, вале на дар давраи тифлӣ. Ҳамин тавр, устоди аввалин модар, устоди дуюм падар устоди сеюм омӯзгор аст.

Вафоева Умеда, донишҷӯи соли 4-уми факултети филологияи тоҷик ва журналистика 

Дар моддаи 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар» чунин омадааст. Вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад. Мақсади қонуни мазкур пурзур намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсодӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзу  ҳуқуқи  манфиатҳои фарзанд мебошад.

Аслан оила асоси бунёди ҷомеаи солим ба шумор меравад. Таълиму тарбияи дуруст нахуст аз оила аз падару модар сарчашма мегирад. Агар кӯдак 4-5 соат дар мактаб бошад, пас 18-19 соат дар назди волидон аст. Дар таълиму тарбияи фарзанд  падару модар бояд ҳарду саҳмгузор бошанд. Аз сабаби оне ки падар берун аз хона аст, тарбияи фарзанд зиёдтар ба модар вогузор аст. Волидон бояд фарзандони худро дар рӯҳияи некию накукорӣ, худшиносии миллӣ, меҳанпарастӣ таълиму тарбия намоянд. Барои ба таълими дуруст фаро гирифтани кӯдак бояд ӯро тарбияи дуруст кард, зеро ҷое ки тарбия набошад, таълим омӯхта намешавад. Кӯдакон мисли авроқи сафеданд, ки ҳарчи болояш нависӣ, нақш мебандад, агар онро ислоҳ кунӣ, сиёҳ мешавад. Мегӯянд, ки  илм дар хурдӣ нақш бар санг аст. Пас, волидонро зарур аст, ки хишти аввалро дар тарбияи фарзанд  рост бигзоранд.

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,

То ба охир меравад девор каҷ.

 

Сайнизоми Таваралӣ дониҷуи курси чоруми факултаи филологияи тоҷик ва журналистикаи ДДК.

Чун мавзӯъ тарбия аст қабл аз ҳама донистан ба маврид аст , ки тарбиягар кист? Ва чӣ касе ин ҳақро дорад. Инсон ботарбия таваллуд намешавад  вале бо тарбия умр ба сар мебарад. Бояд гуфт, ки сутуни асосии адаби кӯдак волидонанд ва ҳеҷ хати росте бо ҷадвали каҷ кашида намешавад. Фарзанд меваи қалб ва яке аз рисқҳои ҷаннат аст. Онро на танҳо ҳаёт, балки руҳ бояд дод ва ин ваъдаи барҳақи Парвардигорамон аст, ки бо амалҳои солеҳи фарзанд волидон аз азоби нор барканор гарданд. Тарбияи фарзанд барои абавайн амалест чун амали Қобил  ки аввалин қатл аз дасти ӯ буд ва дар дунё ҳар қатле анҷом ёбад аввалин подош ба ӯ рассад. Амали фарзанд низ ҳамчунин хоҳ савоб бошад хоҳ носавоб аҷраш бар падару модар низ ҳаст. Ногуфта намонад ,ки сири тарбия аз ҳурмати кӯдак оѓоз меёбад.

Шарифамо Қурбонова, донишҷӯи курси чоруми факултаи филологияи тоҷик ва журналистикаи ДДК

  Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд аз лаҳзае шуру мешавад, ки кӯдак дар  батни модар ҳамчун ҷанин пайдо мегардад. Ва аз он лаҳза баъд модар бояд ҳамеша дар муҳити орому осоишта бошад, на дар муҳите ки пур аз шуру ѓавѓост. Зеро ин ба рушд кардани ҷанине ки  дар батни модар аст зарари ҷиддие мерасонад. Баъд аз оне, ки фарзанд ба дунё меояд волидон бояд зиёдтар ба вай аҳамият диҳанд. Масъулияти аввалиндараҷаи онҳо доранд ин ба роҳ мондани тарбияи дурусти онҳо мебошад. Лаҳзае ки кӯдак оҳиста- оҳиста  бузунг шудан мегирад масъулияти падару модар боз ҳам зиёдтар мегардад. Яъне, ки онҳо бояд  фарзандро дар руҳияи меҳанпарастӣ, матиниродагӣ, дӯстию рафоқат, сулҳпарварӣ, ростқавлӣ таълиму тарбия намоянд, баъд дар натиҷаи талошҳои зиёд кӯдак таълими хуб мегирад. Як фарди худшиносу худогоҳ дар ҷомеа ба воя мерасан. Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллатамон ҳамеша ва дар ҳама суханрониҳояш таъкид бар он мекунад ки масъулияти падару модар нисбат ба таълиму тарбияи фазанд яке аз масъулияти муҳими зиндагии онҳо ба шумор меравад. Кӯдак бояд дар мухити солим ба воя рассад, зеро аз хама таъсири бадро мухит ба кӯдак мерасонад. Падару модар дар назди кӯдак бояд бо ҳам даѓалона муомила накунанд, бо ҳамдигар меҳрубон бошанд  то ба кӯдак таъсири мусби расад. Кӯдакон мисли авроқи сафед поканд дар он чи нақш кашидан ба волидон вобаста аст.

  Ҳамчунин фарзандон низ дар баробари масъулияти падару модар масъулияти худро доранд, пеш аз ҳама ҳурмату эҳтироми онҳоро ба ҷо оранд ҳеҷ вақт дилашонро озурда насозанд.

  Ҳадисамо Исоқова, донишҷӯи курси чоруми факултаи филологияи тоҷик ва журналистикаи ДДК

  Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд яке аз қонунҳое мебошад, ки барои ояндаи дурахшон саҳмгузор аст. Агар ҳар як падару модар дар таълиму тарбияи фарзандонашон камари ҳиммат банданд онҳо дар оянда ҷавонони бофазлу дониш ба камол мерасанд.

Дар натиҷаи гашту гузор кардан дар шаҳр аз муносибати баъзе ҷавонон хулоса бармеояд, ки сатҳи таълиму тарбия ҳанӯз ҳам дар сатҳи паст қарор дошта одоби муошорат  риоя карда намешавад.

  Натиҷаи пешниҳодҳои  мо гувоҳи он аст, ки таълиму тарбия дар тамоми муассисаҳо ба роҳ монда шудааст аммо натиҷаи он дар сатҳи паст қарор дорад. Ҳарчанд, ки муассисаҳова падару модарон кушиш мекунанд, ки фарзандони худро дар роҳи ватандӯсти   ҳидоят кунанд ҳам аммо мутасифона хислатҳои бади онҳо ин имкониятро ба онҳо намедиҳад. Барои тарбия кардани як шахс бояд роҳҳои пурпечутобро  пушти сар кард.

  Яке аз масъалаҳое, ки ҷомеаи имрӯзаро ба ташвиш овардааст, ин пошхурии оилаҳои ҷавон мебошад. Агар волидон тибқи қонуни мазкур амал кунанд ва фарзандони хешро дуруст тарбия намоянд ин падидаи нохуш пешгири карда мешаваду оила, ки сутуни ҷомеа аст пойдор мемонад ва ақд, ки маънои гиреҳи бастаи Худованд аст кушода намешавад.

  Бустонзода Гавҳар донишҷуи курси чоруми   факултаи  филологияи тоҷик ва журналистикаи ДДК

   Фарзан неъмати бебаҳо, нишонае аз падару модар, давомдиҳандам насл ва ояндаи ҷамъият мебошад. Аз ин ру тарбияи фарзанд муқаддастарин вазифаи падару модар аст.

   Волидон вазифадоранд, ки ба фарзандон асосҳои тарбияи оилавӣ, одобу рафтори оиладоӣ, муошират, меҳмондори ё меҳмоннавозӣ, ҳурмату еҳтироми якдигар сабру таҳаммул ва дигар нозукиҳои ҳайёти оилавиро биомӯзанд. Маълум аст, ки дар тарбияи кудак модар нисбат ба падар имконияти бештар дорад. Танҳо модар метавонад аз рӯзҳои нахустин тифлро ором кунад, зуро оҳанги рӯҳи модар бо оҳанги рӯҳи ҳамвазн аст. волидон набояд фаромуш кунанд, ки таълиму тарбия дар мактаб бе таълиму тарбия дар хона самараи хуб намедиҳад. Бисёре аз волидон ба таълиму тарбияи фарзандашон камтар диққат медиҳанд ва гумон мекунанд, ки ин танҳо вазифаи мактаб аст. Ҳоло он, ки сарчашмаи таълиму тарбия аз оила ба шумор меравад ва барои таълиму тарбияи кудак дар мактаб заминаи боеътимод мегузорад. Мактаб барои рушду такомули тафакури ӯ хеле муҳим аст.

   Волидайнро зарур аст, ки ҳар як амали фарзандашонро зери назорат гиранд ва ба амалу рафтори фарзандашон баҳо дода муносибати худро нисбати ҳар рафтори ношоистаи онҳо зоҳир кунанд. Пас аз ин кӯдак пеш аз иҷрои амал дар назди худ суол мегузорад, ки «оё ин кори ман ба волидон писанд меояд ё не ?» Ҳамин тавр баъди иҷрои амал кӯдак мехоҳад, ки волидонаш ба амали иҷрокардаи ӯ баҳо диҳад дар сурати додани баҳои мусбат кӯдак чунин меандешад, ки кори хуберо анҷом додаст ва онро минбаъд ҳам такрор хоҳад кард. Умуман волидонро мебояд ҳар як амалу рафтори  фарзанди худро зери назоран қарор диҳанд.

 Шодмон ХОЛОВ, донишҷӯи соли 4-уми  факултети филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment