Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

by admin
94 views
Имрӯз дар кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Ҳақиқати Кӯлоб” нахустин рӯзнома дар минтақа” баргузор гардид.
Дар семинар Алишери Абдулмаҷид, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи журналистика, Исмоилова Фарзона, номзади илмҳои филологӣ, Одинаева Марҳабо, номзади илмҳои филологӣ ва дигар омӯзгорони кафедраи мазкур иштирок варзиданд. Мувофиқи нақшаи семинари илмӣ-назариявӣ Одинаева Марҳабо, номзади илмҳои филологӣ баромад намуда, зимни баромадашон қайд карданд, ки “Ҳақиқати Кӯлоб” яке аз беҳтарин ва серхонандатарин рӯзномаҳо дар минтақаи Кӯлоб ба ҳисоб рафта соли 1933 таъсис ёфтааст. Аз соли 1993 бо тағйир ёфтани номаш ба “Навиди Кӯлоб” шоир ва рӯзноманигор Ҳақназар Ғоиб ба ҳайси сармуҳаррир дар ин рӯзнома кору фаъолият менамояд. Рӯзномаи “Навиди Кӯлоб” инъикоскунандаи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоии шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб мебошад. Рӯзнома ҳафтае як маротиба бо теъдоди 1500 нусха дар матбааи шаҳри Кӯлоб нашр мегардад.”
Дар рафти семинар омӯзгорони кафедра Алишери Абдулмаҷид, Исмоилова Фарзона ва Гадоева Фирӯза доир ба маърӯзаи ироагардида пешниҳоду тавсияҳои муфид доданд.

Related Articles

Leave a Comment