Home ХАБАР КОНФРОНСИ ИЛМӢ‑АМАЛИИ ДОНИШГОҲӢ

КОНФРОНСИ ИЛМӢ‑АМАЛИИ ДОНИШГОҲӢ

by admin
148 views

Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи таърих ва методикаи таълими таърихи факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ конференсияи илмӣ‑амалии донишгоҳӣ дар мавзӯи “Проблемаҳои асосии методикаи омӯзиши таърихи халқи тоҷик” баргузор гардид.

Дар ин конфронс мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих, номзади илми таърих Холмуродзода Меҳрафрӯз,сармутахассиси Раёсати илм ва инноватсия, Саидова Нилуфар ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Нахуст сухани ифтитоҳиро мудири кафедраи мазкур, номзади илми таърих Холмуродзода Меҳрафрӯз ҳусни оғоз бахшиданд. Сипас, Назарзода Пиралӣ, номзади илми сиёсӣ, дотсенти кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих дар мавзӯи “Ташкили кабинети таърих ва истифодаи маводи маҳал дар дарси таърих”, Абдураҳмонова Гулҷеҳра, саромӯзгори кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих дар мавзӯи “Назария ва методикаи омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар замони муосир”, Сайдалиев Р., саромӯзгори кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих дар мавзӯи “Проблемагузорӣ дар дарси таърих” суханронӣ намуданд.

Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба итмом расид.

Related Articles

Leave a Comment