(дар ҳошияи Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2021)
Шумо (Пешвои миллат модаронро дар назар доранд) ояндасози миллати тоҷик ҳастед, офарандаю бавуҷудовардаи наслу миллати тоҷик шумоед, ояндаи халқу миллат дар дасти Шумост ва ояндаи ҷомеа низ ба Шумо марбут аст.
Эмомалӣ Раҳмон
Аз қадимулайём нақши Зан-Модар дар катиба ва китобҳои асотирӣ дар мартабаи баланд гузошта шуда буд, ки инро мо дар мисоли маликаи об – Аноҳито дида метавонем ва то ба нузули китоби муқаддаси мусулмонон – «Қуръон»-и азимушаън дар оятҳои покаш ин олиҳаи ҳаётбахш тавсиф ёфтааст (Сураи Нисо маҳз ба занон бахшида шудааст).
Мавзӯи модар ва васфи он аз мавзӯъҳои паҳншудатарин дар таърихи адабиёт ва фарҳанги ҷаҳонӣ мебошад, зеро ин мавзӯъ ба бузургтарин симои бани башар иртибот мегирад ва дар қатори офтобу замин хосияти офарандагӣ дорад.
«Дар қомуси башарият, – гуфтааст донишманди эронӣ Ризо Исфаҳонӣ, – ҳеҷ калимае муқаддастар аз калимаи «модар» наметавон пайдо кард. Калимае, ки сарчашмаи ҳар муқаддасот аст. Ҳамаи меҳру муҳаббатҳои башарӣ ҷилвае аз ёду номи ӯст ва ҳеҷ шаҳди ширине бидуни вуҷуди поку муқаддаси ӯ муҳтаво нахоҳад дошт».
Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст.
Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин бузургии Зан-Модарро ҳамеша эҳсос намудаву тамоми ҳуқуқҳои занонро дар пояи мардон қарор додааст ва зани тоҷик имрӯз гомҳои устувор дар пешрафту шукуфоии кишвари азиз мегузорад ва занони тоҷик имрӯз баробари мардон ҳамқадами ҳаётанд.
Сарвари давлат пайваста дар таҳкиму густариши ҷомеаи имрӯза нақши занонро аз мардон кам намебинанд. Ҳатто баъзан аз баъзе мардҳо онҳоро боло мегузоранд, ки ба занону бонувони мо нерӯю тавони тозае мебахшад. Пешвои миллат ҳамеша ѓамхори бонувону занони тоҷик ҳастанд.
Сарвари мамлакат дар ҳама вохӯрию суханрониҳо ва Паёмҳои хеш аз саҳми занон дар рушди ҷомеа сухан ба миён оварда, занонро яке аз афроди барои ҷомеа муҳим муаррифӣ мекунанд.
Дар Паёми имсола низ, ки Садри муаззами миллат санаи 21.12.2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карданд, нуктаҳои хеле муҳимро дар васфи ин олиҳаи зебоӣ арзёбӣ намуданд. Албатта, дар ҳама самтҳо саҳми занон назаррас аст. Махсусан, дар соҳаи маорифу тандурустӣ аз мардон дида, занон бештар фаъолият карда истодаанд, ки Сарвари мамлакат дар Паёми имсола ин нуктаро махсусан таъкид карданд: «Ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд».
Пешвои миллат қайд карданд, ки: «Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ – илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд.
Маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад».
Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар ба он хотир ба қадри занон мерасанд, ки онҳо пеш аз ҳама МОДАР – ба вуҷудоварандаи инсоният ҳастанд: «Мо бояд як нуктаи муҳимро дар ёд дошта бошем, ки зан-модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайѓамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд. Воқеан мақоми зан-модар дар Ислом бисёр баланд мебошад ва беҳуда нест, ки дар Қуръони Карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст.
Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад».
Зиёда аз ин, мо ҳурмату эҳтироми Сарвари давлатро нисбат ба модари азизу меҳрубонашон медидем, ки ин ҳам барои ҳар як фарди соҳибақл дарси ибрат шуда метавонад. Пешвои миллат ба куҷое сафар мекарданд ва ё барои коре камар мебастанд, албатта дуои модарро мегирифтанд, то барору кӯшоиш насибашон бошад. Модари дуогӯ ду даст боло аз даргоҳи Илоҳӣ тансиҳатӣ ва барори кори фарзандашро талаб мекард. Чуноне ки мегӯянд: «Ниҳол аз об ва инсон аз дуо баҳра мегирад». Лоиқи ширинкалом низ дар ин хусус гуфтааст:
Дуои хайр мехоҳам, аё модар, дӯои хайр мехоҳам,
Ниҳол аз обу одам аз дуо ёбад камоли умр…
Ин хушрафтории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модари хеш, нисбат ба ҳамсари хеш ва нисбат ба духтарону хешовандони хеш бе ҳикмат нест. Ҳикматаш дар он аст, ки Сарвари оқилу хирадманди миллати тоҷик аз гуфтаҳои Худованду Расули барҳақи ӯ, ҳазрати Муҳаммад (дуруд бар ӯ) бохабар ҳастанд ва дар зиндагӣ онҳоро сармашқи кори худ намуда, аз рӯи онҳо амал мекунанд ва баракати дуои модарро низ дидаанд.
Чунон ки Расули Худо (дуруд бар ӯ) дар яке аз ҳадисҳои покаш гуфтааст: «Худованд аз хушрафтории шумо бо занон хурсанд мегардад, зеро онон модарони шумо, духтарони шумо ва холаҳои шумо ҳастанд. Пас, ҳуқуқи ононро ба дасти эшон супоред».
Аз рӯи ривояти халқии тоҷикӣ бошад, аҷдодони мо таваллуди духтарро дар хонадон рамзи ҳусн, нур, зиё, рӯшноӣ ва зебоӣ медонанд. Ақидае байни мардуми мо ҷорист, ки бо ба дунё омадани духтар чиҳил шабонарӯз нур борида, олам гулистон мешавад.
Агар чунин бошад, пас, биёд ба қадри Зан-Модар бирасем, онҳоро азиз дорем, эҳтиром намоем ва аз Пешвои муаззами миллати тоҷик, Сарвари оқилу донишманди хеш қадрдонию қадршиносиро нисбати Зан-Модар омӯзем.
Зайналбӣ ХОЛИҚОВА, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик