Санаи 15 уми марти соли равон дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Биё ҳамадон шавем” баргузор гардид.
Дар ин маҳфил директори китобхона Иброҳимзода Бобоҷон ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сухани ифтитоҳиро роҳбари маҳфил Мадасани Азизмад ҳусни оғоз бахшиданд. Сипас, Сайфурова Оишамо, донишҷӯи соли 4 уми факултети химия, биология ва география дар мавзӯи “Наврӯз ва оинҳои наврӯзӣ”, Вафоева Умеда, донишҷӯи соли 4 уми факултети филологияи тоҷик ва журналистика дар мавзӯи “Омилҳои асосии пошхурии оилаҳои ҷавон” ва Зикруллои Саъдулло, донишҷӯи соли 4 уми факултети химия, биология ва география дар мавзӯи “Мафҳуми Конститутсия ва аҳамияти он дар рушди ҷомеа” суханронӣ намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.