Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси умумидонишгоҳии илмӣ назариявии магистрантон ва докторантони PhD-и факултети физика ва математика таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами илмҳои риёзӣ ва усуслҳои гуногуни ҳалли он” бахшида ба эълон гардидани “Солҳои 2020-2040-Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор гардид.
Дар ин конфронс ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илми педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, декани факултет номзади илми педагогӣ, дотсент Давлатов Раҳмоналӣ, мудири кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсиҳо, номзади илми физика ва математика, дотсент Абдулазизов Абдулҳаким ва ҳайати устодону омӯзгорони донишгоҳ иштирок доштанд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро дотсент Рафиев Сафархон ҳусни оғоз бахшиданд. Сипас, Убайдуллои Абдусамад, докторанти соли сеюми факултаи мазкур дар мавзӯи “Нақши мактабҳои илмӣ ҷиҳати рушди математика дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб”, Ҳамидова Дилрабо, докторанти соли якуми ихтисосӣ информатика дар мавзӯи “Технологияи иттилоотӣ ва истифодаи он дар соҳаи маориф”, Имомалиев Хайриддин, магистранти соли дуюми факултети мазкур дар мавзӯи “Маъмуркунонӣ ва амалҳои истифодабаранда дар системаи компютерӣ” суханронӣ намуданд.
Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону омӯзгорон ба анҷом расид.