Home ХАБАР ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ, ДОКТОРИ ИЛМИ ПЕДАГОГИКА, ПРОФЕССОР МИРАЛИЗОДА АБДУСАЛОМ МУСТАФО БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТ

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ, ДОКТОРИ ИЛМИ ПЕДАГОГИКА, ПРОФЕССОР МИРАЛИЗОДА АБДУСАЛОМ МУСТАФО БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТ

by admin
219 views
Муҳтарам аҳли матбуот,
Рӯзноманигорони арҷманд!
Боиси хушҳолист, ки ҳамчун нишони эҳтиром ва эътибори аҳли матбуот, нақши созандаи журналистон ҷиҳати бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсию маданӣ, муаррифии шоистаи миллату давлат дар арсаҳои байналмилалӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз соли 1994 инҷониб ҳамасола санаи 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд».
Рӯзи матбуоти тоҷик аз нашри нахустин рӯзнома бо забони форсии тоҷикӣ, ки 11 марти соли 1912 дар шаҳри Бухоро бо номи «Бухорои шариф» аз чоп баромада буд, сарчашма гирифта, инак, мо 110-умин солгарди онро ҷашн мегирем.
Рӯзноманигорӣ касбест бошараф, пурзаҳмат, ки ғайр аз илму дониш, инчунин, маҳорату истеъдодро талаб менамояд. Рӯзноманигорон аз равшанфикрони созандаи ҷомеа буда, бешубҳа, ҷомеаро ба сӯйи музаффарият ва тараққиёт роҳнамоӣ мекунад ва ин рисолати таърихиро бо сеҳри хома ва қудрати сухани созанда анҷом медиҳад.
Дар ҷаҳони муосир фаъолияти воситаҳои ахбори омма барои расонидани иттиллоъ ва таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа баръало эҳсос гардида, самти мазкури фаъолият ҳамчун рукни муҳимми сиёсӣ ва маънавии ҷомеа дар таҳкими ҳувийяту асолати миллӣ, аркони давлатдорӣ, тавсеи ҷаҳонбинии мардум ва пойдории адолату воқеият нақши созгор доранд.
Қобили қайд аст, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар тарбия ва омодасозии рӯзноманигорони касбиву собиқадор саҳми арзишманд дорад. Рӯзноманигорони собиқадору номвар Ҳақназар Ғоиб, Сафаралӣ Бозорзода, Аҳмади Иброҳим, Ҷумъахон Алимӣ, Шарофат Худойдодова, Зафар Мирзоён, Рустам Одинаев, Бахтиёр Сафаров, Фирӯзи Ҳақназар, Саъдӣ Маҳдӣ, Худоёр Валиев, Наргис Шарифзода, Ҷаҳонгир Рустамшо, Абдусамадзода Эраҷ, Маҳмудҷон Раҳматов, Дилшод Назирмадов, Ширинҷон Сафарзода, Ситора Одинаева, Худойдоди Ислом, Беҳрӯз Одинаев, Дилшод Алсамадов ва чанде дигарон парвардаву хатмкардаи ҳамин даргоҳи муқаддас мебошанд.
Маҳз ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди соҳаи журналистикаи тоҷик соли 2009 дар донишгоҳ ихтисоси рӯзноманигорӣ таъсис дода шуда, барои ихтисоси мазкур радиои донишгоҳӣ бо номи “Суруши ҷавонӣ” ташкил гардид, ки донишҷӯён дар баробари донишҳои назариявӣ, инчунин, маҳоратҳои журналистии худро дар амалия сайқал медиҳанд. Бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 07.01.2022, таҳти №09 дар донишгоҳ кафедраи журналистика кушода шуда, ҳайати кадрии онро 4 нафар номзади илм, 4 нафар саромӯзгор, 3 нафар ассистент ташкил медиҳанд.
Илова бар ин, дар сохтори донишгоҳ ҷиҳати инъикоси дастовардҳо ва нишондодҳои фаъолияти муассиса рӯзномаи “Анвори дониш”, сомонаи расмии муассиса ва нашрия, саҳифаҳои иҷтимоӣ, бахши матбуотӣ ва нашрияи “Маърифат”-и Коллеҷи омӯзгории донишгоҳ амал менамоянд, ки ин ҳама тадбирҳои Раёсати донишгоҳ дар партави дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм сурат гирифта, онҳоро метавон тақозои асри иттилоот, нишони эҳтиром ва ҷонибдорӣ аз соҳаи журналистикаи тоҷик арзёбӣ намуд.
Бо истифода аз фурсати муносиби рӯзҳои баҳорӣ кулли қаламкашон, аҳли матбуоти кишварро бо Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфта, барояшон офияту саломатӣ, қалби пурмеҳру хурӯшон, зеҳни пурғояву гиро, қалами буррову созанда, таълифоти пурдалелу нишонрас, комгориву муваффақиятҳои доимӣ таманно менамоем.
Ибрози итминон мекунем, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ, аз ҷумла воситаҳои ахбори оммаи минтақаи Кӯлоб минбаъд низ ҷиҳати болобурди мақоми кишвари азизамон Тоҷикистони биҳиштосо дар арсаи байналмилалӣ, инъикоси иқдомҳои созандаи роҳбарияти давлату ҳукумат, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва пешравиҳои рӯзгори мардум саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Иди касбӣ муборак, аҳли қаламу заҳмат!

Related Articles

Leave a Comment