ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД by admin 12.03.2022 12.03.2022 575 views Имрӯз дар факултети химия, биология ва географияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Модарон дарси кушоди тарбиявии Ташрифи Шариф Одиназода ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими он дар гурӯҳи 211-и ихтисоси географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат баргузор гардид. Дар дарс Исуфов Дилшод-номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, декани факултет, Холов Сино, ҷонишини декан оид ба таълим, Зарифзода Фаришта, ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими он ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд. Нахуст дарсро муаллим Ташрифи Шарифи Одиназода оғоз намуда, қайд карданд, ки “Модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳабатти беканор,чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ,бедорхобӣ пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад.” Сипас, донишҷӯён барномаи омоданамудаи хешро ки “Ҳаёт аз номи модар гирад оғоз” унвон гирифта буд, пешкаши ҳозирин намуданд. Share FacebookWhatsappTelegramEmail Related Articles БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ПАРЧАМБАРДОРИ МИЛЛАТЕМ” 03.10.2025 ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ 03.10.2025 ОМӮЗГОР-ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ ВА СУТУНИ ҶОМЕА 03.10.2025 БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ «ФУРӮҒИ ДОНИШ» 02.10.2025 МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСИИ МУОСИР ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ... 01.10.2025 ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ ЯКУМИ ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС 01.10.2025 ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БО САРДОРОНИ ГУРӮҲҲОИ... 30.09.2025 ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ МИНТАҚАВИИ БМТ БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ 30.09.2025 ПАЁМИ БОВАРӢ ВА УМЕД 30.09.2025 ГИРОМИДОШТИ РӮЗИ МАВЛОНО ДАР ДОНИШГОҲ 29.09.2025 Leave a Comment Cancel Reply Save my name, email, and website in this browser for the next time I comment.