ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД by admin 12.03.2022 12.03.2022 463 views Имрӯз дар факултети химия, биология ва географияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Модарон дарси кушоди тарбиявии Ташрифи Шариф Одиназода ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими он дар гурӯҳи 211-и ихтисоси географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат баргузор гардид. Дар дарс Исуфов Дилшод-номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, декани факултет, Холов Сино, ҷонишини декан оид ба таълим, Зарифзода Фаришта, ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими он ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд. Нахуст дарсро муаллим Ташрифи Шарифи Одиназода оғоз намуда, қайд карданд, ки “Модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳабатти беканор,чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ,бедорхобӣ пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад.” Сипас, донишҷӯён барномаи омоданамудаи хешро ки “Ҳаёт аз номи модар гирад оғоз” унвон гирифта буд, пешкаши ҳозирин намуданд. Share FacebookWhatsappTelegramEmail Related Articles СУРАТГУЗОРИШ 27.06.2025 МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ 26.06.2025 ПАЁМИ ҲАМДИЛӢ: ИҚДОМИ ХАЙРИЯВӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ВАҲДАТИ... 26.06.2025 ДДК: ДАР ФАЗОИ БУНЁДКОРӢ БА ИСТИҚБОЛИ 80-СОЛАГӢ 26.06.2025 ДАСТОВАРДИ ОМӮЗГОРИ ДДК АЗ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 26.06.2025 МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ИЛМӢ 25.06.2025 ВАҲДАТ БАҚОИ МИЛЛАТ 25.06.2025 ДДК: ЛАГЕРИ ИСТИҚЛОЛ-БАРОИ ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНА МУҲАЙЁ ШУД 22.06.2025 ФАРҲАНГИ СУЛҲОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ЗАМИНАИ ЭҲЁИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА... 21.06.2025 СОЗИШНОМАИ СУЛҲ ҲАМЧУН АСОСИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН 21.06.2025 Leave a Comment Cancel Reply Save my name, email, and website in this browser for the next time I comment.