Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Модар сарчашмаи меҳру вафо” бахшида ба 8-уми март рӯзи Модарон баргузор гардид.

Нахуст сухани ифтитоҳиро дотсент Ҷумаева Дилором оғоз намуда, қайд намуданд, ки “Модар неъмати бебаҳо, сарчашмаи муҳаббати беканор ва азизтарин шахсияти башар аст. Меҳри бепоён ва навозишҳои гарми ӯ фонуси хаёлҳои мост. Манзалат, қиммат ва муҳаббати гаронбаҳои модар дар шаҳдрези каломи шоирону орифон, фозилону олимон баръало равшану ҷилвагар аст”. Сипас, дотсент Шарофат Худойдодова дар мавзӯи “Зан ва сиёсати гендерӣ”, дотсент Холиқова Зайналбӣ дар мавзӯи “Ҷойгоҳи занон аз нигоҳи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” суханронӣ намуданд.
Дар охир мизи мудаввар бо муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба итмом расид.